Изҳороти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ вобаста ба пешниҳодҳои мухолифин дар хориҷи кишвар

Диёри арҷманду саодатмандам, ту бароям неъмати бузургтарини олам файзи Истиқлолро додиву зиндагамро нусрат бахшидӣ. Ман ҳамеша ифтихор аз ту доштаму бо ному ту менозамқ меболам. Медонам, ки барои ба даст овардани арзишҳои милливу маънавии ту ҳазорон нафар сарсупурдагони миллат ҷонфидоиву ҷонбозиҳо кардаанд. Медонам, ки ту барои тамоми шаҳрвандони баору номусат арзиши беш аз ҳарвақта дорӣ. Ба хотире, ки ту муқаддасӣ, хоки покат муқаддас аст. Ту биҳиштосову дилрабоӣ, зебоманзару дилнишинӣ.

Албатта, имрӯз вазъи ҷаҳон ором нест ва паҳншавии бемории короновирус аз ҷумлаи ин мушкилот аст, ки ба сари мардумони олам бадбахтиҳои зиёде овардааст. Мутассифона, аз вуҷуди касифи ин беморӣ бадхоҳони миллат истифода бурда, бонги изтироб зада, Тоҷикистон ва Пешвои миллатро танқид менамоянд, ки чорабиниҳои оммавиро зиёд намуда, ҷашни Наврӯзро ботантана мегузаронанд. Ба хотири пешгирии короновирус дар кишвар корҳои зиёде гузаронида шуданд, як муддат дари масҷидҳо низ баста шуд. Аммо имрӯз масҷидҳо бозанд ва намозгузорон шукронаи ватани маҳбуб намуда, барои ободию осудагии мардум дасти дуо бардоштанд.

Бо шарофати Истиқлолият ва ваҳдату ягонагиат туро дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонӣ шинохтанду туро ҳамчун давлати мутамаддин ва сулҳшиор донистанд. Зеро ташаббусҳое, ки аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод мешаванд, ки бо ин иқдомҳои наҷибонаи давлату Ҳукумат оламиён моро ҳамчун мардумони босаодту башардӯст шинохтаанд. Зеро дар ин баробар ба мушоҳида мерасад, ки давлати мо дар якчанд муаммоҳои глобалии рӯз, вабои аср пайдошавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуби қарни нав, афзоиши ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир масъалаҳои ҳалталабе аз ҷониби мо пешниҳод гардидааст. Албатта дар вазъияти ҷаҳони навин рӯз то рӯз паёмади ҷидиде тавлид гаштаву оламиёнро ба ташвиш овардааст. Дар ҳамин раванд мо мардуми ваҳдатсаро ин вазъро нодида нагирифта, баръакс тадбирҳоеро барои мубориза бар зидди чунин падидаҳои номатлуб андешида истодаем. Тоҷикистон яке аз он давлатҳое мебошад, ки имрӯз дар мубориза бо тероризму эсктремизм роҳеро интихоб намудааст, ки бояд онро решакан созад, то амнияти мардум таъмин карда шавад. Барномаҳое, ки вобаста ба ин муаммо дар миллати мо амал мекунад, онро ҳамаи созмонҳои умумиҷаҳонӣ пазируфта, дар вобастаги ба масъалаи рӯз яъне афзоиши ташкилотҳои тундраву ифротгаро дар як чанд мамолики олам пешниҳоди саивақти ва тадбири судманд арзёбӣ гардидааст.

Мо сарфароз аз онем, ки дар Ватане зисту зиндагони менамоем, ки дар он фазои ободу озоди зиндагонӣ, Истиқлолият ҳукмрон аст. Мо ифтихор мекунем, ки миллати мо таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ва дар пайравии дастури суполришҳои ин марди ҷасур барои хеш роҳу равишеро дар зиндаги пеша кард, ки шоистаи саодатмандию обрӯмандӣ бошад.

Худоё Тоҷикистонро нигоҳ дор,

Ту ин боғи гулафшонро нигоҳ дор.

Барои ман барои миллати ман,

Ҳамеша Тоҷикистонро нигоҳ дор.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *