Изҳороти факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба масъалаҳои иқтисодию сиёсии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми ҷудонашавандаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад ва ба пешрафти кишвар ҳиссаи худро гузошта истодааст.

Имрўз душманону миллат пешравиҳои вилоятро дида натавониста, аз хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Фейсбук”, “Одноклассник”, “Радио Зелло”, “Ютуб” ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукуматро дар мавриди ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунии оташфишон, пешгирӣ аз ҳаракати мошинҳои бидуни рақами давлатӣ, иҷозатномаи ронандагӣ ва сиёҳшиша, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар иқдомоти расмии мақомотҳои қудратии моро як навъ амалиёти низомӣ нисбати мардуми Бадахшон Кӯҳӣ унвон мекунанд.

Дар суханронӣ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15.09.2018 ба вазъи иқтисодию сиёсии вилоят баҳои муносиб додаанд:

“Танҳо дар солҳои 2013-2018 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои тараққиёти вилоят беш аз 4 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.”

“Умуман, дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ қариб 1700 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шудааст.”

“Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020 ба фароҳам овардани шароит барои рушди устувори маҳал, ташкил намудани ҷойҳои кори нав ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят нигаронида шудааст.

Дар доираи барнома татбиқи 110 лоиҳа ва бунёду азнавсозии беш аз 1500 иншоот ба маблағи умумии беш аз 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 85 фоизи он барои беҳдошти шароити инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он равона мегардад.”

Дар бораи ҳалли проблемаҳои энергетикии вилоят гуфта шуд, ки ноҳияи Мурғоб охирин мавзеи вилоят мебошад, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ 10-12 соат ва дар фасли зимистон 4-8 соат бо нерӯи барқ таъмин мешуданд, ҳоло пурра бартараф ва истиқлолияти энергетикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин карда шуд.

Бахшида ба соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъкид намуданд, ки

“Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои саёҳати кӯҳиву экологӣ ва табобатӣ минтақаи беҳтарин мебошад.

Беҳуда нест, ки соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори cеюм ба рӯйхати “100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардиданд.

Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст, муаррифгари Тоҷикистон оид ба  имкониятҳои сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ мебошад.”

Аз ин сабаб ҳар сол шумораи сайёҳони хориҷӣ барои тамошои мавзеъҳои камназир ва табиати нотакрори вилоят оянда зиёд шуда истодааст.

Дар қатори пешравию муваффақиятҳо ба вазъи ҷиноии вилоят баҳо дода шуд:

“Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон дар кишвар мавқеи аввалро ишғол мекунад.

Дар панҷ соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар аз аҳолии вилоят қариб якуним ҳазор мил силоҳи оташфишони ғайриқонуниро мусодира кардаанд.

Нисбат ба 235 нафар оид ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон парвандаи  ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.”

Барои ба пурзӯр намудани назорати вазъи ҷиноӣ дар вилоят аз санаи 15-уми сентябри соли 2018 Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ташкил карда шудааст, ки мувофиқи изҳороти он аз 11.10.2018 чунин маълумот дода шудааст:

“Дар ҳолати то 11-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 57 адад «Автомат Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад «Таппонча», 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориљї ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира шудааст.

 Аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта, 11 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд.”

 Дар суханронии Президенти кишвар гуфта мешавад, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 59 нафар сокинони вилоят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шудаанд.

Шумораи аслиҳаи мусодирашуда дар бист соли охир аз панҷ ҳазор мил гузаштааст.

Танҳо дар панҷ соли охир бо истифодаи силоҳ  қариб 100 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки аксари онро одамкушӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ  ташкил медиҳад.

Дар панҷ соли охир дар қаламрави вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.”

Вазъи қочоқ, савдо ва истеъмоли ғайриқонунии маводи мухаддир низ ташвишовар аст.

“Агар соли 2013-ум 6,9 фоиз маводи нашъаовари дар кишвар мусодирашуда ба вилоят рост омада бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 12,8 фоиз ва дар шаш моҳи соли 2018 ба 14 фоиз расидааст.

Ҳоло дар вилоят 714 нафар шахсони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки ба 100  ҳазор аҳолӣ 302 нашъаманд рост меояд.

Ин рақам нисбат ба ҳисоби миёнаи мамлакат  қариб  чор баробар зиёд мебошад.

Дар шаҳри Хоруғ шумораи нашъамандон аз ҳисоби миёнаи кишвар 14 баробар, ноҳияи  Шуғнон 6 баробар ва ноҳияи Рӯшон 5 баробар зиёд аст.”

Гуфта мешавад, ки шумораи нашъамандоне, ки ба қайд гирифта нашудаанд, аз рақами зикргардида ду баробар зиёд мебошад. Танҳо дар даҳ соли охир 196 нафар гирифторони бемории нашъамандӣ фавтидаанд, ки аксари онҳо ҷавонон мебошанд.

Аз соли 1991 то якуми июли соли 2018 дар вилоят 619 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз  шумораи умумӣ 268 нафари онҳо бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Инчунин гуфта мешавад, ки шумораи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам (СПИД) дар вилоят ба сад ҳазор нафар 283 нафарро ташкил мекунад, ки аз ҳисоби миёнаи кишвар қариб дуюним баробар зиёд мебошад.

“Ин нишондиҳанда дар шаҳри Хоруғ аз ҳисоби миёна 9 баробар ва дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон беш аз дуюним баробар зиёд мебошад.

Мо танҳо дар бораи онҳое сухан меронем, ки аз ташхиси тиббӣ гузашта, дар муассисаҳои тандурустӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Чанд нафар нашъамандону беморон ба қайд гирифта нашудаанд, ҳоло маълум нест.”

Аз далелу рақамҳои овардашуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар замони истиқлол дар ҷодаи иқтисодию иҷтимоӣ сокинони Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштаанд. Мавҷудияти проблемаҳои баланд будани сатҳи ҷиноӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зиёд будани шумораи беморони нашъамандӣ ва шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам дар бисёр ҳолат аз наздик будани кишвари ноороми Ҷумҳурии Афғонистон вобаста аст. Маълум аст, ки ҳоло зиёда аз 60 фоизи масоҳати ин кишвар аз назорати мақомоти давлатӣ берун аст. Дар шаҳрҳои марказӣ фаъолони ДИИШ, Толибон нотарсона кирдорҳои террористии худро иҷро намуда истодаанд.

Баҳри беҳтар намудани вазъи ҷиноӣ ва сиёсӣ, таъмини осоиштагии мардуми ин сарзамин чораҳои ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунии оташфишон, пешгирӣ аз ҳаракати мошинҳои бидуни рақами давлатӣ, иҷозатномаи ронандагӣ ва сиёҳшиша, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир равона гардида, сиёсати давлатии мо бар муқобили ягон минтақа ва халқият равона нагардидааст. Баръакс бо ин амалиёти густурдаи мақомотҳои қудратии мамлакат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷинояткорон тоза гардида, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои он ба ҳаёти осоишта рӯй меоваранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *