Тоҷикистон кишвари зебову дилнишин ва табиати хело назаррабо дорад. Мардумони фарҳангсолору соҳибмаданияташ бо иродаи қавию масъулиятшиносии беш аз пеш барои пойдору устувор намудани пояи ваҳдати миллӣ ва ягонагии он талош менамоянд. Дар воқеъ дӯст доштани миллату ватан аз назари бархе “исломдонҳо” хушоянд нест. Яъне дар ниқоби ислом хилофату адоватро истифода мебаранд. Аммо ин кӯрдилону носипосон бояд донанд, ки ҳамеша ҳақиқату адолат бар ҷаҳолат ғолиб омадааст. Ва минбаъд низ чунин хоҳад шуд, зеро ин қонунро касе иваз карда натавонистааст.
Мухолифону бадхоҳонро мебояд, ки пеш аз он дар бобати ислому ҳақ сухан мекуннад аввал бояд донанд, ки ислом роҳи дурусти тарбияи инсонист, на роҳи куштору таҳдид. Ислом одоб асту маърифат, на разолату ҷаҳолат.
Ҷавонони гиромӣ, пеш аз он, ки ба як гурӯҳу ташкилоте пайрави кардан мехоҳед, пурра бобати фаъолияти он маълумот пайдо кунед. Вагарна ба мисоли пайравони наҳзатиҳо аз роҳи интихоб кардаи худ пушаймон мешавед. Албатта, ки ояндаи ҳар як шахс ба худи ӯ вобаста аст. Давлату Ҳукумат ҳамеша талош бар меварзад, ки барои мардум зиндагии шоистаро муҳайё намудабошад. Аз ин лиҳоз барои сазовор будан ба рӯзгори ободу озод дар пайрави Пешвои миллат бошед.