Ҳадаф пешгирӣ ва бартарафкунии бемории Коронавирус мебошад!

Ситоди ҷумҳуриявӣ бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд.

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи қатъии гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ буда, дар сурати риоя нагардидани ин талабот нисбати шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон чораҳои қонунӣ андешида мешавад ва ҷаримабандӣ пешбинӣ мегардад.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии мавҷи дуюми сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва зарурӣ андешанд.

Бо баробари пайдо шудани бемории нави каронавирус ковид 19 хукумати Чумхурии Точикистон чорахои саривақтӣ андешид. Инчунин вобаста ба ҳолати имрузаи вазъи паҳншавии беморӣ, рафти муолиҷа, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоти тиббӣ аз ҷумла корҷома, ниқоб, маводҳои антисептикӣ, маводҳои дорувории протоклии ташхисӣ, барои беморон шароит мусоид арзёби мегардад.

Аз рӯи нишондод, ҳоло дар вилоят коргоҳҳои дузандагӣ бо дӯхтани корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо аз матоъи истеҳсоли ватанӣ машғул ҳастанд. Ҳоло дар як руз зиёда аз 4000 дона корҷома ва 270 ҳазор ниқобҳои муҳофизати истеҳсол карда шуда, ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас шуда истодааст. Ҳамчунин барои безарар гардонӣ ва бурдани корҳои дезинфексионӣ 40 тонна маҳлули гидрохлориди натрий аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Дар ҷойҳои ҷамъияти, кӯчаҳо ва мавзеъҳои истиқомати корҳои безарагардони идома дорад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои воридкунандагони маводи дорувори тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда алҳол ҳар рӯз аз хориҷи кишвар дорувори ба вилоят ворид карда шуда истодааст, ки боиси хотирҷамъӣ ва ба таҳлука наафтодани аҳолӣ аст.

Раҷабмуҳаммад Раҷабов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *