Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи базе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабулиқарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд.
Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хата, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.Аз рӯи таҳлилҳо, то кунун гаравидани ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои хориҷа мушоҳида мешавад. Айни замон ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия», «Толибон» «Давлати исломӣ» ва «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд. Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд. Мо бояд дастҷамъона ба зидди ифротгароён мубориза барем, то давлати осоишта ва шукуфон дошта бошем.
Кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ