Мо медонем, ки яке аз шиорҳои дини мубини Ислом ин беозорист, пас он амалҳое, ки бархе аз намояндагони ҲНИ(мамнӯъшуда) ба сомон расониданд ин амалҳо зидди ҷамъиятӣ буда, бо як сухан на аз дину, на аз ҳизбуванаазинсонист! Чигунадидавудониста, ба чашми ҳамватанони худ хок мепошанд, магар Онҳо пешравиву гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамонро намебинанд!?.
Яке аз масъалаҳои марказие, ки чун доғи рӯз дар тамоми васоити ахбори умум баррасӣ гардида истодааст, ин масъалаи ҲНИ мебошад. Аз як тараф агар рӯзноманигорон ба омма ин масъаларо баррасӣ намоянд, аз ҷониби дигар худи шаҳрвандон низ аслу моҳияти ин ташкилотро дарк намуда истода, фикру акидаҳояшонро иброз дошта истодаанд.
Дар қарни XXI ҳар яки мо зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем, зеро қувваҳои гуногуни манфиатҷӯ барои манфиати ғаризонаи худ, ҳатто омода ҳастанд, ки давлатҳои тараққикардаистодаро аз байн баранд.
Ҷанги шаҳрвандие, ки халқи мо аз сари худ гузаронид ин натиҷаи фаъолияти афродони бадхоҳ ба монанди намояндагони ҲНИ буд.
Хушбахтона, имрӯз тоҷикон якдилу якҷон барои шукуфоии кишвари биҳиштосои худ софдилона меҳнат карда истодаанд ва фирефтаи афкори бегонагон намегарданд.
Ҷӯраева Н.З., ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ