Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва экстримизм равона гардидааст.
Яке аз талаботҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Мехостам дар бораи таъсиси созмони наве бо номи Анҷумани озодандешони тоҷик, ки яке аз гуруххои экстремисти ва ифротгарои мебошад сухан ронам. Ба ҳамагон маълум аст, ки Анҷумани мазкур маҳз бо ташаббуси кадом «озодандешон» таъсис дода шуд. Ин Анҷумани озодандешон нест, балки анҷумани террористон аст. Ин созмони навтаъсиси “озодандешон”, ки худ тавқи гуломӣ дар гардан доранд, аслан ба мафҳуми озодӣ ва озодандешӣ сарфаҳм намераванд, ба қавле худ намедонанд, ки намедонанд ва гирифтори ҷаҳли мураккабанд.
Имрӯз, ки онҳо ба амалҳои нопоки худ мехоҳанд зидди Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд. Онҳо рӯзе зери номи ин анҷуман нақшаҳои нопоки худро татбиқ намуданианд. Боиси тааҷҷуб аст, ки онҳо номи Тоҷикро ба Анҷумани худ ҳамроҳ кардаанд, ки ин тамоман ғайри қобили қабул аст. Зеро Тоҷики асл дар Ватан аст ва ё берун аз бошад ҳам дар хизмати Ватан аст. Чунин хоинону гурезагон ва имонфурушон ҳуқуқи истифодаи воҷаи Тоҷикро надоранд ва ҳамчунин қабил ашхосон миллатҳам надоранду онҳо ғуломи молу давлати хоҷагони худ мебошанд. Тоҷикистонро кулли мардуми олам бо фарзандони сулҳовару ташаббускораш эътироф намуда, ҳусни таваҷҷуҳ доранд. На бо хоинону Ватанфурушонаш.
Мо зидди чунин афроди хоину ватанфуруш муборизаи беамон мебарем. То ин, ки хоинону душманони миллати мо несту нобуд гарданд. Чихеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Бигзор, ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад». Мо ҷавонон барои ҳимояи Ватан аз душманону хоинонаш ҷони хешро дареғ намедорем.
Ассистенти кафедра
Пулатова М.Ғ.