ИЗҲОРОТ: Баҳамоии исломӣ сиёсӣ ва терроризми байналмилалӣ дар мисоли ТТЭ ҲНИ  Нурматова С. Н.–ассистенти кафедраи Назарияи  иқтисоди  ДИС ДДТТ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ бо шарҳи вазъи сиёсии ҷаҳони муосир оғоз бахшиданд ва он бунёди воқеӣ дорад. Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, замоне, ки давлатҳои дунё ҳар кадоме баҳри манфиатҳои хеш  талош варзида, дар ин роҳ ба зиёдаравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ медиҳанд, кор ва зиндагӣ дорем. Дар ҷаҳони кунунии мо,ҳамчунин, ҳодисаҳои хатарбори терроризм ва ифротгароӣ доман паҳн мекунанд ва ба ҳаёти осоиштаи аҳли сайёра таҳдид менамоянд. Вобаста ба ин ҳолат, аҳли хираду тамаддунгарои ҷаҳонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром бошанду бар зидди ин падидаҳои номатлуб овоз баланд кунанд. Мо омўзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошем. Ҳамчунин, шогирдонамонро ба ҳушёрию зиракӣ даъват намоем. Бо истифода аз далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ гунна равияҳоянд, чӣ ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоханд.

Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Боқӣ, ин тоифаро инсоф диҳад, бигузор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *