Ҳиёнаткор ватан надорад

 

 Муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, зуҳуроти номатлуби бунёдгароц (фундамитализм), тундгароц (радикализм), ифротгарц (экстемизм) ва даҳшатафканц (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрц, иҷтимоц, иқтисодц, фарҳангц реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоц бо ин гурӯҳҳо шомил мегардаднд ва дар натиҷа миёни ҷомеа, бахусус қишрҳои осебпазири иҷтимоц зӯроварию бадбинц (агрессия), истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.

Ифротгароии динц маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамонқадар беназмц беадолатц ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурӯҳҳои махсусе таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусц афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯи мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканц ва таҳрибкорц сафарбар менамоянд.

Баъди  гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо жой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушй роҳнамун месозад ва ин маныурдҳои  ақлбохта бо боварию итминони роҳёбц дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристанд.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнц ва ақлонц рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» (таъбири файласуфи англис Ҷон Локк)  тозаю  покиза аст, ифроту хурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд (чун хунашон дар ҷӯш аст) бегумон шефтаю мутамоили аыидаи бебунёд мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки «миёнҷиёни худо» дар қолаби ҷиҳоди динц мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба биҳишти ваъдагц мерасанд. Бози кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотц аз мушахссоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалц Раҳмон дар яке  аз суханрониҳои худ аз пайравони гурӯҳҳои террористц изҳори нигаронц намуда таъкид намуд, ки «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо бо ин амали нангини фарзандашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан–модар ва ҳам мазҳаби ҳанафц  хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан–модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротц ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатц  ва зидди миллии онҳошарик аст. Яъне, ӯ бевосита дар муқобили давлати, худ, бар зидди  Ватани худ ва дар душмани ба миллати худ қарор мегирад.  Ҳамин  тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан  мешавад!

Яке аз сабабҳои  ба гурӯҳҳои ифротию тундгарои исломи пайвастани  ҷавонои  тоҷик ба омилҳои иҷтимоию иқтисодц, бекорц факр ва коррупсия вобаста мебошад.

Дигар омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тӯъмаи гурӯҳҳои ифротию тундгароц исломц мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати исломц ё бесаводии динц, яъне надонистани асолати исломц, суннатц, инчунин таблиғоти шадиди  гурӯҳҳои  ифротц  таввасути  васоиди ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавц ва динии мардум нигаронида шудааст.

Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсиву иқтисодц ва иҷтимою фарҳангии ягон мамлакатро бе ширкату фаъолияти  ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Давлати Тоҷикистон баҳри тарбияи ҷавонон ҳарчи бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар ва хориҷ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавц бошанд.

Сабаби дигар он аст, ки фаҳмиши нодурусти озодц, демократия боиси он гардид, ки баъзе  гур=ььои  жомеа, алалхусус баъзе  жавонон, аз паи ҳавою ҳавасҳо ва лаззатҳои моддц (молу сарват) ба амалҳои ношоиста, жиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.

Ом=зиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз фориғболии баъзе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимц истифода намуда  гур=ььои тундраву ифротгаро ба муассисаҳои таълимц роҳ ёфта, к=дакону жавонони бетажрибаро ба кирдорҳои номатлуб жалб менамоянд. Мутаассифона, падару модароне  ҳастанд, ки нисбати тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовут мебошанд. Баъзе падару модар, ҳатто фарзандони ноболиғи худро бо роҳҳои ғайриқонунц барои таҳсил ба хорижи кишвар мефиристоданд. Ва намедонанд, ки фарзандонашон ба жои таълим ба чц корҳо машғул мешавад. Ҳамаи инро ба назар гирифта Президенти кишвар Эмомалц  Раҳмон дар вох=рц бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Жумҳурии Тожикистон (марти соли 2011)  чунин изҳор намуд: «Р=ирост изҳор менамоям, ки баъзе аз ин муассисаҳо жавононро дар р=ьияи ифротгароц ва экстремистц омода менамоянд. Бинобар ин ман соли гузашта ба мақомоти дахлдор супориш додам, жавононе, ки ғайриқонунц барои таҳсил ба хорижи кишвар рафтаанд, баргардонида шуда, дар муассисаҳои таълимии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Имр=з қисми эиёди онҳо ба ватан баргаштанд ва дар муассисаҳои таълимии кишвар таҳсил намуда истодаанд».

Ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалц гаштани он саҳми назарраси худро гузоранд.

Мутобиқи  маълумоти  қабили эътимод то моҳи июни соли 2015 аз  4166 нафар толибилмони ба давлатҳои исломц сафарбар шуда 3178 нафари онҳо ба ватан баргардонида шудаанд. Аз шумораи умумии толибилмон  5% наврасони то 15 – сола, 20% жавонони то 20 – сола, 55% жавонони то 25 – сола ва 22% аз сини 25 – сола боло мебошанд. 5% баргаштагонро духтарон ва жавонзанон ташкил медиҳанд.

Таҳлил нишон дод, ки аксари толибилмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки дониши дунявц надошта, жаҳонбинии онҳо дар заминаи ғояи таассуб ташаккул ёфтааст.

Хиёнаткорон ватан надоранд. Онҳо танҳо манфиати худро дар мадди аввал гузошта падару модар волидайнашонро дар охир танҳо мегузоранд.

Яке аз чунин ашхоси хиёнаткор полковник Гулмурод Ҳалимов мебошад. Г. Ҳалимов пас аз фирор ба ба ташкилоти байналмиллалии террористии  бо ном «Давлати исломц» пайваста, бар ивази маблағҳои ба ӯ пардохташуда ба сиёҳкунии ватани азизамон Тоҷикистон, ва сафедкунии ҷиноятҳои даҳшатноки содиркардаи намояндагони бо ном «Давлати исломц» пардохт.

Бархе аз ҷавонони хиёнаткор низ ошкоро ба шабакаҳои иҷтимоц, ба хусус дар «Одноклассники» ғояҳои «Давлати исломц»-ро тарғиб мекунанд ва аз ҳамсолонашон мехоҳанд, ки бахотири  ҷанг барои ислому таъсиси хилофат воҳид ба сафи «Давлати исломц» пайванданд.

Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳворава шири поки  модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда ба инҳо шадидан нафрат доранд. Ҳаром бод шири модар ба чунин ҷавонони маслакгумкарда.

Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша, барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳи ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, ба хусус дар сафи қувваҳои бо ном  исломии Ироқу Сурия шомил шудаанд бояд сабақи зиндагц гардад.

Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро масъалаи доғ аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал мубориза барем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олц аз вазъи Ховари Миёна изҳори нигаронц карда, аз ҷавононе интиқод намуд, ки ба доми ифротгароён афтида даст ба қатлу ғорат задаанд. Ин таҳдидҳо тавассути васоити ахбори умум борҳо пахш мегарданд ва ҳатто манзараҳои қатлу куштор, сарбуридану оташ задан ва дар об ғарқ карданҳо чандин бор намоиш дода шуданд. Хабари қатли модари бечорае, ки фарзанди дилбанадашро дар оғӯши пурмеҳр парварида, чандин масири пурхавфро тай карда, барои бозгаштан аз ин роҳи хато насиҳат мекунад, фарзанди нохалаф ӯро ба қатл мерасонад, вокунишҳои зиёдеро дар байни қишрҳои ҷомеа ба вуҷуд овард.

Бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар тафаккури бархе аз наврасон ва ҷавонони имрӯзаи мо ҳиссиёти ватанхоҳиву ватанпарварц  хеле кам мушоҳидамешавад. Аз ин рӯ, барои аз байн бурдани ин зуҳурот, бояд аз ҷониби ҳамаи доираҳо иқдоме рӯй даст гирифта, барои баланд бардоштани таффакур, худшиносц ва ҳувияти миллц дар ниҳоди ҷавонон барномаҳои вижа роҳандозц карда шаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллц, Пешвои миллат, Ҷаноби олц Эмомалц Раҳмон дар асарҳои худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» (дар ду ҷилд Душанбе, 1999), «Тоҷикистон дар остонаи қарни ХХ1» – Душанбе, 2001, «Ориёиён ва идроки тамаддуни ориёц» – Душанбе, 2006, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (дар панҷ ҷилд) -Душанбе, 2006. ва китобҳои дигар ва Паёму суханрониҳои худ масъалаи баланд бардоштани тафаккур, худшиносц ва ҳувияти миллиро дар ниҳоди ҷавонон пайгирона дунбол мекунад. Бинобар ин зарур аст, ки омӯзиши асарҳо ва суханрониҳои сарвари кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

  1. Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар бо мақсади нигоҳ доштан ва муҳофизат намудани дини мубини ислом аз ҳамагуна ғояҳои ҳаракату ҷараёнҳои номатлуб, ки динро таьриф мекунанд аз тарафи олимону ходимони дин мавзӯҳои ахлоқии диниро пайваста таҳқиқу баррасц намудан лозим аст.
  2. Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратц мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
  3. Барои он, ки гардиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд масъулияти баланди ватандӯстц, донишандӯзц ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоц, миёна ва олии касбц васеъ ба роҳ монда шавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастц, садоқат ба Ватан нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористию экстремистц, баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон ва ғайра метавонанд, омилҳои муассиртарини мубориза ба муқобили равияҳои экстримистию террорисц бошанд.

Тоатов Фирдавс

Ҳабибуллоевич

муаллими калони

кафедраи ҷомеашиносии

ДИС ДДТТ.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *