Маҳфили «Молиячии ҷавони навовар» дар ДИС ДДТТ

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада инак маротибаи дуюм аст, ки бо иштироки кормандони бонуфузтарин бонкҳои шаҳр бо донишҷӯёни таълимгоҳ маҳфили «молиячии ҷавони навовар» баргузор мешавад.
Дар маҳфили мазкур, ки дар доираи ҳамкориҳои донишкада бо Иттиҳодияи молиявии байналхалқӣ ташкил шудааст, донишҷӯён, магистрҳо, аспирантон ва ассистентон ҷалб гардида, раванди ташаккули малака ва маҳорату дониши онҳо дар ҳамоҳангсозии роҳу усулҳои наву инноватсионии молиядории муосир тадбиқ карда мешавад.
Маҳфили нахуст таҳти ҳамин унвон бо иштироки намояндагони ташкилоти қарзии хурди “Арванд” гузашт, ки дар он перомуни масоили масъулиатандешӣ дар кори молияву қарздиҳӣ ба мизоҷон сухан рафт.
Маҳфили дуюм бо иштироки директори маркази тренинги ташкилоти амонатии қарздиҳии хурди “Имон интернешнл” Насиба Усмонова баргузор гардид, ки мавсуф дар мавзӯи масъулияти иҷтимоӣ дар кори бонкдорӣ ва қарздиҳӣ андешаҳои ҷолиб иброз дошт.
Маврид ба ёдоварист, ки иштирокчиёни маҳфил ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака ва маҳорати корбарӣ дар кори бонкдорӣ, дар маҳфил, аз соати дарсиашон озод карда мешаванд.
Метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабинии молиявии аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашуда, бешубҳа, ба ташаккули донишу маҳорат ва малакаи донишҷӯён, магистрҳо, аспирантон ва ассистентони донишкада нигаронида шуда, дар оянда тақвият хоҳад ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *