Ифтитоҳи Лабораторияи муштараки кишоварзии рақамии Чин ва Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд

Ҷиҳати дастгирии сиёсати хирадмандонаи раҳбарони давлатҳои Чин ва Тоҷикистон баҳри густариши муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангали Янлинги Чин ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (ДИСДДТТ) дар Хучанд, ҳамкории худро мустаҳкам карда истодаанд.

Рӯзи 8-уми июл ҳайати Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангал бо роҳбарии ректори Донишгоҳ Ву Путеро директори ДИСДДТТ Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол самимона истиқбол гирифт. Вохӯрӣ аз ярмаркаи фарҳангие, ки аз ҷониби ДИСДДТТ бо мақсади муаррифии фарҳангу анъанаҳои тоҷикон ба ҳамкорони чинӣ ташкил карда шуда буд, оғоз гардид.
Пас аз баргузории ярмаркаи фарҳангӣ маросими ифтитоҳи Лабораторияи муштараки кишоварзии рақамии Чину Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки мақсади аслии вохӯрӣ буд. Бояд гуфт, ки лабораторияи муштарак аз се бахш: Лабораторияи Додаҳои калони соҳаи кишоварзӣ, Лабораторияи интернети чизҳо (IoT)-и кишоварзӣ ва Лабораторияи тиҷорати электронии маҳсулоти кишоварзӣ иборат аст.

Ҳадафи Лабораторияи Додаҳои калон дар соҳаи кишоварзӣ таҳлил ва идоракунии муносибатҳои мутақобилаи “хок-зироат-техника” тавассути моделҳои пешрафтаи додаҳои калон мебошад. Лаборатория бо 24 компютери сермахсул, 1 нуқтаи кории графикӣ, 1 принтери 3D, як қатор мошинҳои ададӣ ва чопӣ муҷаҳҳаз аст, ки дар таълими кишоварзии рақамии Тоҷикистон саҳм мегузорад.
Лабораторияи интернети чизҳо (IoT)-и кишоварзӣ асосан ба парвариши самарабахши заминҳои хоҷагии қишлоқ, идоракунии оқилонаи боғҳо ва парвариш намудани чорво ва парранда нигаронида шудааст. Лаборатория бо 12 маҷмӯаи тахтаҳои ҳамгирошудаи рушди IoT ва сенсорҳои дастгирӣ ва 5 микроскоп муҷаҳҳаз шудааст, ки метавонанд барои таҳлил истифода шаванд.

Лабораторияи тиҷорати электронии маҳсулоти кишоварзӣ асосан барои ҳосилкунии арзиш ва инноватсияи модели тиҷорати электронии кишоварзӣ, логистикаи интеллектуалӣ ва занҷири таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самти додаҳои бузурги тиҷорати электронӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Лаборатория бо истгоҳи кории баландсифати компютерӣ, таҷҳизоти мукаммали сабти аудио ва видео ва системаи идоракунии равшанӣ ва садо муҷаҳҳаз аст.

Пас аз маросими ифтитоҳ ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангал ва ДИСДДТТ ба имзо расид. Ҳарду ҷониб барои ҳамкории самарабахш ва бардавом изҳори омодагӣ намуданд. Ба ректори Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангал профессор Ву Путе шаҳодатномаи профессори фахрии ДИСДДТТ ва ба директори ДИСДДТТ шаҳодатномаи профессории Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангали тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми маросим роҳбарони ҳар ду донишгоҳҳо тасмим гирифтанд, ки ҳамчун нишонаи ҳамкориҳои бардавом ва пурсамар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кишварҳои дӯст дар саҳни ДИСДДТТ «дарахти дӯстӣ» шинонанд. Профессор Ву Путе ва дотсент Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол изҳори ният карданд, ки ин шарикӣ пойдор буда, барои ҷомеаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бузурги иҷтимоию иқтисодӣ меоварад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *