Семинар оид ба кишоварзии муосир, фарҳанг ва забони чинӣ

Ба маълумоти ҳамагон мерасонем, ки Маркази байналмилалии тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷанд, дар назди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Семинар оид ба кишоварзии муосир, фарҳанг ва забони чинӣ баргузор мекунад. Семинар аз тарафи олимону мутахассисони машҳури Ҷумҳурии мардумии Чин гузаронида мешавад. Семинари байналмилалии мазкур дар доираи барномаҳои дахлдори давлатӣ ва нақшачорабинии Донишкада барои ноил гаштан ба ҳадафи стратегии газариш аз иқтисодиёти аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Семинари мазкур бахшҳои зеринро дар бар мегирад:
1) Бахши иқтисодиёти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
2) Бахши масъалаҳои муосирӣ экологӣ;
3) Бахши масъалаҳои муосири татбиқи тиҷорати электронӣ;
4) Бахши фарҳанг ва забонӣ чинӣ.

Ба семинари мазкур корхонаҳои саноатӣ ва донишгоҳҳоро даъват менамоем. Барои иштирок дар семинар истинод зеринро пахш ва аз бақайдгирӣ гузаред, ҷойҳо маҳдуд мебошанд: https://forms.gle/VCt5QJikuSsDVQe68 

Рӯзномаи семинари забони чинӣ ва кишоварзии муосири “Коргоҳи Мози” дар шаҳри Хуҷанд 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *