ИФРОТГАРОӢ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Дар ҷаҳони имрӯза шоҳиди он ҳастем, ки қувваҳои бадхоҳ-ифротгароён, яъне сафи террористону экстремистон афзуда истодааст. Онҳо чӣ мехоҳанд ва чаро аз кирдори бади хеш даст намекашанд.Барои таслиқи ин гуфтаҳо метавон қайд кард,ки тибқи расонаҳои хабарӣ даркишвари ҳамсояи мо Афѓонистон имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Масалан, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад. “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и экстремистӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилияти амал ва робитаи мустаҳкамаш бо “Ал-Қоида”-ро ҳифз мекунад. Пас ғасб гардидани Ҳукумати Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористӣ бо ном ҳаракати “Толибон” ва моҳи сентябри соли 2021 эълон гардидани ҳокимияти нав бо иштироки онҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашрияҳои гуногун нашр мегарданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти ҳаракати “Толибон” дар сомонаҳои интернетӣ ҳамагон шоҳиди он ҳаводис шуданд, ки мардум фарзандашро фурӯхта истодааст ё ин ки таҷовуси духтарчаҳои хурдсол ва қатли бонуи варзишгар, алалхусус бештар амалҳои террористӣ содир мешаванд. Бо саллаву силоҳу хунрезӣ, намешавад кишвардорӣ кард! Наход онҳо инсон нестанд, ки аз оқибати корҳои номатлубашон ягон заррае андеша накунанд. Агар ҳама ифротгароён агар ақли солим медоштанд ба чунин корҳои номатлуб, ки оқибат надорад, хотима медонанд. Яке аз амали ифротгароён ҷавононро ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ шомил карданианд ва аз онҳо ягон хубиро интизор шудан нашояд.Ҷавононеро, ки соддаву ноогоҳанд, гумроҳ карда, ба сафҳои худ шомил мекунанд. Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи худ ба ҳодисаҳои номатлуб ҷавоноро роҳнамун месозанд. Масалан моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Тибқи расонаҳои хабарии Федератсияи Русия дар рафти тафтишот маълум гардидааст, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ дар асоси дастури Назаров Тоҷиддин, ки лақабаш “Абу Усамаи Норакӣ” аст, ин амали номатлубро содир намудаанд.Нияҳоят ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони гумроҳшуда аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Мо бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи чунин падидаҳои номатлубро гирифта, нагузорем, ки дигар ҷавонон ба чунин корҳои зишт даст зананд.Шукри ин осоиштагӣ ва давру замон намуда, барои барҳам хӯрдани чунин гурӯҳҳо иттифоқона мубориза барем. Маҳз сафарҳои роҳбарияти кишвар, баргузор намудани рӯзҳои фарҳангиву ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ дар хориҷи кишвар давлати мутамаддини тоҷикро муаррифӣ ва дар вуҷуди ҳар як соҳибватан ифтихору ҳувияти миллиро дучанд хоҳад намуд. Мо ҳама кайҳост ба ободиву осудагии ин давлат дилбастаему шукронаи ин сарзамин обод мекунем.Аз дастоварду муваффақиятҳои мардуми кишвар чашми душманону хоинони миллат боз ҳам хиратар гардида истодаасту бадтинат будани онон ошкор аст.
Мо, сокинони кишвар сулҳу субот, ваҳдати ягонагии кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт хоҳем кард.

Дониёрова М.М.,
дотсенти кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *