“Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.”
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гардидааст. Муаммои ифротгароӣ яке аз муаммоҳои муҳими ҷамъияти имрӯза гаштааст. Дар воситаҳои ахбори омма мунтазам дар бораи рух додани ин ё он ҳолати ифротгароӣ ва ё пешгирии чунин ҳодисаҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон маълумотҳо пайдо мешавад. Аксар ҳолат дар ин маълумотҳо нишон дода мешавад, ки иштирокчиёни он аъзои ташкилоти “ДИИШ” мебошанд.
Ифротгароӣ ба ягонагии ҷамъият ва ва тамомияти арзии давлат таҳдид мекунад. Ифротгароӣ ҳамчун раванди махсуси сиёсӣ (аз климаи лот. extremus – ниҳоӣ, охирон) маънои тарафдории ақидаҳои радикалӣ ва усулҳои қатъии амалигардонии онҳоро ифода мекунад. Ба ифротгароӣ доимо чунин нишонаҳо ба монанди зӯроварӣ ва ё таҳдиди татбиқи он, таассуби динӣ ва ғайра хос аст.
Мутаассифона ин зуҳуроти номатлуб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт чораҳи мушаххас андешида истодааст.
Ифротгароӣ, тундравии динӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гӯрӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.
Маъмулан имрӯз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегӯянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест.
Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ӯ ба мyҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷидӣ мегузорад.
Агар шабеҳаи як ифротгароро тасвир карданӣ шавем, пас надоштани саводи комили динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, танҳо эътирофи фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рангу шакли либос, дарозиву кӯтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хӯрока, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи як ифротгаро хоҳад буд.
Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбати пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегӯяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда онҳоро зуд ба унвонҳои «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «тоғут», «муртад», «кофир» маҳкум менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидатӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунад. Ба ҷомеа ва инсонҳо аз дидгоҳи фаҳмиши худ муносибат мекунад, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонад.
Дар ҳар сурат терроризм падидаи манфӣ, ҷурм ва бар зарари ҷомеа, давлату шаҳрвандон буда, суботи кишварҳоро халалдор месозад. Дар ягон давр терроризмро омма, шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд.
Сиёсати ҳар давлат ба шаҳрвандон ва ба оламиён баёнгари моҳияти давлат аст. Махз сиёсати дохилию хориҷи давлатро ба ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Дар лаҳзаҳои ҳасос барои ҳар як миллат, барои ҳар як давлат арзишҳои умумимиллию умумдавлатие ҳастанд, ки одамонро, шаҳрвандонро, миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳасосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд.
Мо, тоҷикистониён ҳамдигарро сиёҳу сафед, муҳоҷиру таҳҷоӣ, ҷанубию шимолӣ, помирию кӯлобӣ, ғармию қӯрғонӣ набинем. Пеш аз ҳама тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як ғояи фарогири миллӣ, ғояи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишҳою манфиатҳои дигар болою воло бошад.
Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем- ҷамъияти имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ, ҷамъияти босубот, имкони таъмини ҳамаи инро дорем.
Аммо он вақте таъмин мегардад, ки мо якҷоя, дастҷамъона меҳнат, оқилона ва бомулоҳизаюююю созанда баҳс намоем. Демократия эътимоди миёни шаҳрвандонро талаб дорад. Агар мухолифини сиёсӣ эҳсоси ватандӯстӣ надошта бошанд, агар хоҳиши мадоро( компромисс) надошта бошанд, демократия зери хатар мемонад. Барои сиёсати беҳтар, пешрафти зиёдтар вақт омили муҳим аст.