Ифротгароӣ – кирдори разилон

Охири садаи XX ва аввали асри XXI барои тамоми ҷаҳон як рӯйдоди нав ва раванди шаклгирии падидаҳои нави геополтикӣ буд. Ин зуҳури гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои мазҳабиву ифротӣ буд, ки бештар мақсади ба ҳам задани тамаддунҳову фарҳангҳоро доранд.

Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар заминаи ҳамин гурӯҳҳову ҷараёнҳо ба вуҷуд омаданд, ки онро имрӯз вабо ва зуҳуроти номатлуби аср меноманд. Зеро гурӯҳҳо ва созмонҳо террористиву экстремистӣ имрӯз хатар ва таҳдид бар амнияти башар гардидаанд. Мо хуб медонем, ки террористиву ифротгароён баҳонаҳои вижаи худро доранд ва асло ба ҳаёти одамӣ раҳме ҳам намекунанду дар асоси барномаи таҳмилшуда амал менамоянд, ки ин нишонаи таъсири равонӣ бар майнаи инсон мебошад.

Имрӯзҳо чунин гурӯҳҳо хеле зиёд гаштаву даъвои дину мазҳаб ва риояти қонунҳои шариат менамоянд, аммо дар асл рафтору кирдорашон бар хилофи оину тамаддун мебошад. Барои мисол метавон ТТЭ ҲНИ-ро ёдрас шуд, ки дар аввали фаъолияти худ ҳамчун ҳомии дину мазҳаб худро муаррифӣ намуда, ояту ҳадис ва фармудаҳои қуръониро нодуруст ба мардум шарҳу тавзеҳ дода, миёни ҷомеа тухми кинаро барангехт.

Имрӯз маълум шуд, ки аъзои ин ташкилоти террористӣ бо супориши хоҷаҳои хориҷиашон фаъолият намуда, мақсадашон тафриқаандозӣ байни ҷамъият будаасту онҳо худро паси номи Ислом ва оин пинҳон доштаанд.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани Истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пойомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Рӯй овардан ба сафи ифротиён, пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳ, ки дар кишвари амну осоишта умр ба сар мебаранд, боиси тааҷҷуб аст. Ин ҷавонон фирефтаи як зумра хоинони Ватан гашта, бехабаранд, ҷони ҷавони худро қурбони ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷӣ мекунанд. Ин қабил ҷавонон раҳгумзада шудаанд ва мақсади нопоки ифротгароёнро намефаҳманд.

Ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ надодан, муҳити носозгор дар оила аз омилҳоест, ки ҷавонон ба роҳи хато мераванд.

Ман ҳамчун омӯзгор, модар мегӯям, ки вазифаи муқаддаси падару модарон, масъулияти волидон дар он аст, ки фарзандонашонро дар руҳияи худогоҳиву ифтихори ватандорӣ парвариш намоянд. Ҷавонон бояд аз чунин амалҳои нангин худро дар канор гиранд ва дар рушди пешравии кишвари худ саҳмгузор бошанд. Агар мо тарбияро дар ҷомеа, оила, муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монем, моҳияти масъаларо дуруст фаҳмонем, албатта, ин раванд кам мешавад.

 

Ассистенти кафедраи

                                                                 Молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

                                                                                      Убайдуллоева Мутриба.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *