Ифротгароӣ:  дарде, ки мотам дорад

           Пеш аз изҳори фикру мулоҳизаҳои худ  қайд карданиам, ки ҳодисаи дар рӯзи таҷлили иди конститутсия дар ҷануби кишвар ба вуқӯъ омада дар иртибот ба масъалаи терроризм-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бори дигар моро ҳушёрдор медиҳад, ки нисбати ин доғи рӯз бетараф набошем.

Ба мардуми огоҳи тоҷик намунаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои иртиҷои дар мисоли ташкилоти терррористи – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ маълум аст, ки замоне дар Тоҷикистон рӯзгори мардумро тираву тор намуда буд. Ба иллати тахрибкориҳои ин ташкилоти террористии задхарид  кишвари тозаистиқлоли мо барои солҳои тӯлонӣ аз рушд бозмонд ва иқтисоди мамлакат зарбаи сахт дид.

Ҳоло бо сад далелу арқоми тасдиқшуда, маълум гардид, ки саркардагони наҳзат чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз таълимоти ифротгаронаи худро дар назд институт ва урдугоҳҳои гурӯҳҳои даҳшатноки террористии ҷаҳон гирифтаанд. Бояд қайд кард, ки натиҷаи таълимотитеррористии онҳо ба ҳама маълум шуд, замоне андӯхтаҳои ифротгароёнаи худро дар хоки тозаи Тоҷикистон ба ҳукми амал бароварда, мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷикро ба монандаи мардумони имрӯзаи Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои ҷангзада сияҳрӯзгору тирабахт карда буданд. Онҳо истифода ба ноогоҳии мардум дар либоси ба арзишҳои динӣ баромад намуда, ҷамъиятро ба гумроҳи мебурданд.

Натиҷаи амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИ, ки асосан аз берун таҳрезиву идора мешуд,тахминан беш аз 150 ҳазор қурбонии ҷангро боқӣ гузошт, ки ҳанӯз ин ҷароҳати сангини таърих фаромӯш нашудааст. Пӯшида нест, ки тарғиботи наҳзатиро ҳамон солҳо то ҷое таъсиргузор буд ва қисмате аз мардуми ноогоҳ кӯкӯрона ба сафи онҳо пайвастаанд. Аммо вақте, ки мафкураи миллӣ дар роҳи шинохти арзишҳои воқеии дунявият боло гирифта, мардуми фиребташуда худ ба худ аъмоли норӯшанӣ худ ва маънои сенарияҳои наҳзатиро дарк кардаанд. Гузашта аз ин раванди воқеот худ парда аз чеҳраи асливу мочарочӯёнаи наҳзат бардошт ва тамоми талошҳои бадхоҳонаи ташкилоти террористӣ ба нокомӣ анҷом ёфт. Ба ҳамагон маълум аст, ки наҳзат ва хоҷагону сарпарастони хориҷиии он дар сар ҳавои ташкили ҳокимияти демократӣ дар Тоҷикистонро доштанд.

Моён ҳуқуқшиносон собиқони кормандони мақомотҳои судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тиаҷрибаҳои фаъолияти судӣ вобаста ба терроризму экстремизм медонем, ки аксари шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон бинобар ноогоҳӣ, дур будан аз арзишҳои дунявию донишҳои ҷаҳоншиносӣ ба доми гурӯҳхои террористие чун ХНИ гирифтор мешаванд. Табиатан чунин афрод дорои ҳассосоти баланди динӣ мазҳабианд, ки муболлиғони гурӯҳҳои ифродгаро маҳз ба ҳамин ҷиҳати масъала таваҷӯҳ намуда, онҳоро ба осонӣ побанди худ месозанд

Ман бо сарбаландӣ изҳор карданиам, ким мо ҳайати омӯзгорон, ин гуна амалӣ хиёнаткорони давлату миллатро маҳкум менамоем. Намегузорем, кия гон ҳарфи «бизингариҳои сиёсӣ» бе посух монад, зеро ҳамогон медонанд: кист ӯву дар тинаташ ба чӣ андоза мурдоб аст. Эй маъун, бидон ки моро фиребёфта метавонӣ! Он рӯз дур нест, ки овозат хаставу тамоман ношунаво гардад, рангу рӯят шабеҳи фавтитагон!

Дар охири суханҳои ватандӯстонаи худ қайд карданиам рисолати ватандоруву қарзи инсонист, ки дар чунин вазъиятҳо ҳар фарди худогоҳ, ба хусус ҷавонон, ки ояндасози миллатанд, дар ҳифзу пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд.

Алиматов Ҳакимбой,

омӯзгори калони кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *