Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Дар НИЗОМНОМАИ Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст.

Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдории тоҷикон аст. Ростӣ дили кас лабрези шодӣ ва эҳсоси фараҳу хушнудӣ мегардад, вақте Суруди миллиро мешунавем ва бо ифтихори он аз ҷой бархоста, бо тамоми ҳастӣ сари ҳар мазмуни абёти он андеша мекунем. Махсусан, агар ҷаҳонпаҳлавонони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пирӯз гарданду садои Суруди миллии Тоҷикистон танинандоз гардад, дил моломоли фараҳ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ мегардад. Борҳо шоҳид гаштем, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков ва садҳо нафари дигар пирӯз гаштанду Суруди миллии Тоҷикистон садо дод. Ин албатта, ифтихори бузург аст ва муҳаббату дӯстдории марзу буми аҷдодиро дар қалби мо шуълавар мегардонад.

Асрҳо паси сар шуданд, солҳо гузаштанд, замон дигар гардид, одамон дигар шуданд. Илму техника тараққӣ кард, шароитҳову имконоти нав ба нав падид гардид. Давлату давлатдорӣ соҳиби рамзи худ гардид. Соҳиби рамзе, ки аз соҳибихтиёрии он дарак медиҳад, соҳиби рамзест, ки ҳувияти миллиро ба вуҷуд меорад. Рамзе, ки аз ҷой доштани Тоҷикистони кӯчак шаҳодат медиҳаду миллати тоҷикро ба сӯи худ боз мехонад, онро дар гирду атрофии худ ҷамъ месозад, миллати тоҷикро аз парокандашавӣ нигоҳ медорад.

Танинандоз гардидани суруди миллӣ ба дили кас илҳом мебахшад, шахсро ба сӯйи фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд, корнамоиҳои бемислу монандро тараннум мекунад. Дар ботини шахс эҳсоси ғурур, ғурур аз ватану ватандориро тавлид месозад. Ба шахс аз зафариятҳои дар пеш истода дарак медиҳад, дили шахсро ба фатҳи қуллаҳои нав дилгарм месозад, одамонро баҳри ободии Ватан ҳидоят менамояд.

Суруди миллӣ ба дили кас қувват мебахшад. Мисли садои булбули хушилҳон дар тамоми фазои Ватан танинандоз гардида, фаро расидани субҳи содиқи Ватанро ба ҳар як соҳибватан табрик менамояд.

Имрӯз дар бораи Суруди миллӣ бештар менависанд ва ифтихор менамоем аз ин навиштаҳои як нафар, ки бо муҳаббати зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суханони пурмеҳрро дар бораи Суруди миллӣ ҷой додааст:

Суруди миллӣ тилисмест дар шахс, тилисмест, ки онро аз ҳар гуна офатҳо нигаҳ медорад, ба тани беҷони ӯ ҷон мебахшад, тамоми қувваи бозуи ӯро ҷамъ меоварад. Бо шунидани суруди миллӣ шахс тамоми қувваи бозуи худро ҷамъ меорад, ба пеш мехазад, ҳаркат мекунад то Ватани худро наҷот бахшад. Наҷот бахшад аз тохту тозҳо, наҷот бахшад аз фаноёбӣ, наҷот бахшад аз беҳудагӯиҳо. Исбот мекунад, ки Ватани ӯ дигар аст, зодгоҳи пешравиҳост, зодгоҳи тамаддунҳост, сарчашмаи сулҳу тифоқ, амнияту ҳамкорист. Аз Ватани ӯ оғоз мегардад сарчашмаи меҳру муҳаббат, адолату шафқат, дӯстиву меҳрубониҳо. Ободиҳо, тараққиёти илму техника, ҳамдигар-фаҳмиҳо.

Албатта, пешниҳоди аҳли маорифи Бадахшон қобили дастгирист ва садо додани Суруди миллӣ дар қалби насли наврас ҳисси ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносию арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти кишварро бедор менамояд.

Н. Раҷабов,

Р. Раҷабов,

кормандони ДИС ДДТТ

дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *