Ҳидояти ҷавонон ба худшиносии миллӣ ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои ифротгаро

   Маҷрои таъминнамоии рушди сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар тақозо менамояд, ки чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро дар доираи  фаъолияту шуғлу амалиёти насли наврас ва ҷавонон пурзўр намоем.

     Амалҳои даҳшатовар ва зарбаҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо нияти бар  сари халқи мо ҳамел кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз ёфт, боиси шикасти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва, инчунин, ҳалокати назарраси ҷонӣ гардид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки насли наврасу ҷавон вазифадоранд тамоми азму субот, ҷидду ҷаҳди худро ба донишандўзӣ, худшиносии миллӣ интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободию рушди сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи ватан, пешравии ҷабҳаи илмию техникӣ ва бунёдкорӣ равона созанд, дар худ нерўи бунёдгарона ва пешниҳоди ташаббусҳои созандаро парваранд.

     Дар ин маром нуктаҳои зерини Паёми     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 26.04.2013-ро овардан басо муҳим аст:

     «Ҳадафи панҷум фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар кадоми моро доир ба ҳалли масоили ҷавонон дар бар мегирад.

     Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд, пеш аз ҳама, барои ҳарчӣ беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ба кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем.

     Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то ки онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрўзаро идома бахшида, ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд».

     Вале, замони муосир нисбати фаъолияту шуғли наврасону ҷавонон масири мураккабу пурпечутоби амалиётро пеш гузоштааст, алалхусус:

     а) норасоии ҷои корӣ, ки боиси фаъолияти пурсамари касбиву ихтисосии онҳо гардад;

     б) мушкилоти иҷтимоии оилавӣ, ки боиси шикастаруҳии онҳо мегардад;

     в) набудани ташвиқоту тарғиботи   сиёсию моддию маънавие, ки боиси раҳгум задани нерўи ақливу зеҳнии онҳо мегардад ва ин боиси аз хориҷи  кишвар воридшавии зуҳуроти манфию номатлуби  ғояҳои ифротгароӣ мегардад. Ин ҳолат бошад,  боиси шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ мегардад.

   Албатта, ҷиҳати бартараф намудани ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани наврасону ҷавонон ҳукумати кишвар чораҷўриҳои паҳною  самарабахш бурда истодааст.

     Нисбати ин масъалаи муҳим дар самти ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва тайёркунии онҳо дар маҷрои  муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир дар зиммаи сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон муассисаҳои таълимию  тарбиявӣ, динӣ, умуман, аҳли ҷомеа чорабиниҳои зиёде мавҷуданд.

    Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, ҳамчун манбаи раҳгумзанӣ ва гумроҳ созии наврасону ҷавонон, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо зулмот ва нотавонбиниро оварда, боиси пайдошавии монеаи ҷиддии сиёсию маънавӣ  дар роҳи рушду тараққиёти  ҷомеаву давлат мегардад.

     Мавриди   қайд аст, ки ҳавасмандноккунии пулӣ яке аз аслиҳаи пурқувват ва ҷаззоби паҳнкунандагони равияи ифротгароӣ аст. Пучгардонии ин манбаъ масъалаи ниҳоят муҳим буда, ошкоркунии фитнаангезонаи он вазифаи муқаддас аст.

     Стратегияи рушд ва тактикаи пешравии кишвар тақозо  менамояд, ки масири тарбияи меҳанпарастию худшиносии миллии насли наврас ва ҷавононро такмил диҳем ва устувор диҳем.

     Ин  амал, дар навбати худ, аз мо талаб менамояд. ки дар  самти идеологии масири тарбияи насли наврас ва ҷавонон кор барем.

     Истифодаи оқилонаи худи наврасону ҷавонон дар самти аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб эмин нигоҳ доштани онҳо яке аз роҳҳои асосии тарбияи худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва масъулияти ватандорӣ аст.

     Бино бар ин ба мо лозим меояд, ки дар самти зикршуда чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро дар байни насли наврас ва ҷавонон ташкил намоем ва гузаронем.

     Бо мақсади ташкилу таъмини ин роҳ корбарии муштараки дастаҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз наврасону ҷавонон, ҳокимият ва мақомоти дахлдори он, алалхусус, нозирони минтақавӣ, ҳомиёни динии ба марому мақсади сиёсати миллӣ содиқ, омўзгорон, падару модарон ва фаъолони ҷои зист (маҳалла,минтақа)  ниҳоят муҳим аст. Пас, ташкилу амали дастаи муштараки ташвиқотию тарғиботи аз ҷумлаи қайдгаштагон ва ҳавасмандкунии пулии хизмати онҳо айни мудаост.

     Оид    ба ташкили дастаи ташвиқотию тарғиботӣ ва сохтори онҳо истода мегузарем.

     Ҳайати даста бояд аз  11-нафар шахс, алалхусус, сохтори он аз 4- нафар хонандагони синфҳои 9-11, ки тафаккури равияи таъриху забону ҷуғрофиро соҳибанд, як нафар шахси барўманди маҳалла ё минтақа, 3- нафар омўзгори ихтисосҳои таъриху забону ҷуғрофия 2- нафар аз  ходимони шўъбаи корҳои дохилӣ ва 1- нафар шахси маълумоти хуби динӣ дошта иборат бошад.

     Ба ҷамъомад на кам аз 20- нафар иштирокчиёни синнашон аз  14 то 30 сола бо тариқи даъваткунӣ ҷалб карда шавад ва бисёр хуб мебуд, агар зеҳни хирадии онҳо дар дараҷаи хуб бошад.

     Дахолату таъсири нозирони шўъбаи дохилӣ бояд ҳатмӣ бошад, ки дар ин самт раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд адабиёти хушмазмуну хуштартибро бо номи «Тавсияҳои методӣ доир ба усулҳои ошкорнамоӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузории кирдорҳои зиддиҳуқуқии  аъзоёни равияи динӣ – экстремистии «Салафия», пешбурди парвандаҳои ҷинояти нисбати онҳо» нашр кардааст, ки онро ҷолиби диққати насли наврасу ҷавонон, ва умуман аҳли ҷомеа, гардондан мақоми махсусро бояд ишғол намояд ва ин адабиёт ҳамчун дастурамали фаъолияти ташвиқотию тарғиботи дастаи дар боло зикршуда амал кунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *