ИҒВОПЕШАИ ИФРОТӢ

    Мо қаблан зимни мақолаҳои хеш нисбат ба баромадҳои ифротии бадхоҳони миллат, бахусус вобаста ба баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони фаъоли наҳзат мебошад, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста дар атрофи суханрониҳои навбатии М.Садриддин ва яке аз думравонаш – Муҳаммад Тағоев, ки санаи 17 ноябри соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ нет.”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромада намудаанд, ибрози андеша менамоем. Ин навбат ровии барномаи ифротӣ- М.Садриддин, аз оғози баромадаш бо ибораҳои динӣ сухан ронда, худро боз “уламои дин” шуморида, наворҳоро вобаста ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави шаҳрҳои Федератсияи Россия қарор доранд, намоиш дода, андешаи бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён карданд. Ҳар як бинанда бе ягон мушкили пай мебарад, ки М.Садриддин ва думраваш М.Тағоев агар раҳмдил мебуданд, таънаи давлати Русия накарда, ба муҳочирони кумаки амалӣ расонда натовонад ҳам, сухани самимона мезаданд. Аммо, бадхоҳони зикршуда баракси ҳол ба ҷои руҳбаланди кардан, нисбати муҳоҷирон ва шаҳрвандони кишвар суханҳои беасосу ноҷояро пеша карда, имруза қазияи Абхазияро мисол оварда, бо ин васила мехоҳанд шаҳрвандони моро ба мубориза даъват намоянд. Таъкидан қайд менамоем, ки М.Садриддин ва М.Тағоев бо шеъри қироаткардаи бемавридаш ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, қироат менамояду сухани беасос гуфта, иғвогарӣ менамоянд. Ин тӯдаи иғвогарони ифротӣ, амиқан бешубҳа дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд. Мо борҳо шоҳиди он ҳастем,ки тавассути шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронаду мардумро ба майдонҳо даъват мекунанд. Хулоса, М.Садриддин ва думраваш М.Тағоев ақли худро бохтаанду аз бадсириштӣ бар миллату давлат хиёнат мекунанд ва ба ѓайр аз ин амал дигар коре надоранд. Таъкидан ба ин пайравони наҳзат ва умуман ба раҳбарияту ҳаммсалакони“Паймони милли…” дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, гуфтанием, ки шумоён меҳангумкардаҳои ватангадо хоҷагони хориҷии маблағгузоратон ба афкоратон тӯҳмату фитнаангезиро ҷой кардаанд. Такрор ба такрор ба М.Садриддин ва шогирду пайравонаш гуфтанием, ки ба доми хоҷагонашон афтода, яке аз иғвопешаи ифротӣ шудааед!
Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки дар куљое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориљи кишвар њадафњои нињоии биғвопешаи ифротӣ, аз қабили М.Садриддинва шогирдону пайравонашро љиддӣ ва сахт мањкумаш менамоему барои боз њам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин њам ободу зебо шудани њар як гўшаи Ватани љонољонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату мењнат намоем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *