Дар ДИС ДДТТ оид ба пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, нагаравидан ба сафи ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва мубориза алайҳи терроризму экстремизм бо иштироки намояндагони мақомоти қудратӣ мулоқот судманд баргузор гардид.

Дар ДИС ДДТТ оид ба пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, нагаравидан ба сафи ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва мубориза алайҳи терроризму экстремизм бо иштироки намояндагони мақомоти қудратӣ мулоқот судманд баргузор гардид. Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳрорӣ Гулчеҳрахон Усмонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон: сардори шуъбачаи шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҳайдарзода Ҷамшед Алиҷон ва корманди шуъбачаи шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Ҳусейнзода Беҳрӯзро муаррифӣ намуд. Сардори шуъбачаи шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҳайдарзода Ҷамшед Алиҷон дар ҳузури донишҷӯён дар бораи гиромӣ доштани Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, даст назадан ба ҷиноятҳои муташаккил, ҳушёру зиракии сиёсиро аз даст надодан ва нагаравидан ба созмону гуруҳҳои ифротӣ ибрози андеша намуд. Солҳои охир ҷаҳон шоҳиди воқеаҳои даҳшатбор гашта, ҷангу ҷидоли абарқудратҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки пеш аз ҳама бо шукронаи сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳушёру зирак бошем, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамроҳ нагардем. Ҷавонон бояд тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бошанд ва бо таҳсили намунавӣ ва ахлоқи ҳамида мутахассиси варзида гашта, барои ободию ояндаи дурахшони кишвар хидмат намоянд. Сипас байни донишҷӯён ва меҳмонон оид ба масъалаҳои матраҳгашта саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *