ИҒВОГАРОНИ ҲАСАДХЎР

       Пӯшида нест, ки солҳои қаблӣ ва аз оғози моҳҳои охири соли равон, як тудаи бадҳоҳони миллат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон баромад намуда истодаанд, сараввал суханхои сафсатаашонро шадидан махкум намуда, пиромуни ин масоил ибрози андеша менамоем.
Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки имрӯзҳо яке аз пайравони ашаддии паймони худсохтаи наҳзат- Муҳаммадиқболи Садриддин,

бо пуштибонии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, солҳои қаблию, дар давоми моҳи сентябри соли равон, аз ҷумла 12 ва 19 сентябр, дар сомонаи “Ислоҳ.нет”,муҷрии барномаи “Минбари муҳоҷир”-ро ба ӯҳда гирифта, бо ҷалби шогирдону пайравонаш зимни баромадҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором созанд. Мо борҳо зимни изҳороту мақолаҳоямон қайд карда будем, боз гуфтанием, ки М.Садриддин , умуман бадхоҳони миллат нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони соҳистиқлол дар таҳлука афтодаанд. Бо ибороаи дигар имрўз ба либоси М.Садриддин ва шогирдону думравоаш кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Аз баромадҳои М.Садриддин ва пайравону хоҷагонаш ҳар бинанда бе ягон душворӣ пай мебарад, ки бо фитаангезӣ нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар, дар атрофи масоили Ваҳдати миллӣ беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодаанд. Умуман, ин иғвогари ҳададхӯри пайрави наҳзат аз аввал чун падараш, ки аъзои ҳизби наҳзат буд, ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надошту надорад ва барои манфиати шахсӣ мақсад дорад. Хулоса, М.Садриддин ва думравонаш бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафсатагўе табдил гаштааст ва ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагўӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад. Хулоса, такрор ба такрор қайд менамоем, ки М.Садриддин дар ҷараёни барнома бо суолу ҷавоби шаҳрвандон, худро бефарҳангу беодоб нишон медиҳад ва туҳматчию иғвогар буданаш аён аст. Аз сабаби надоштани ғояҳои худ М.Садриддин ба дурӯғпароканиҳои сиёсию идеологӣ ва тасарруф кардани моликияти зеҳнии дигарон даст мезанад. Ин ифротгари ҳасадхӯр ба ҷойи ин корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра боз машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуд. Баробари ин, хотиррасон бояд кард, ки шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кўшиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале М.Садриддини иғвогари нотавонбин, баръаксии ин хислатҳо мебошад. Шахсе, ки алайҳи Ватани ва миллати худ ғайбату иғвогарӣ мекунад, дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Дар интиҳои андешаи хеш мо М.Садриддину пайравонаш- иғвогарони ҳасадхўрро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонаашро бори дигар шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари азизамон сухан гӯянд!

Ф.ҚУРБОНОВ ,
мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *