

Тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки вақтҳои охир, дар шабакаи иҷтимоӣ сабтҳи гуфтугуйи бадхоҳонаи наҳзату навнаҳзатиҳои иғвогар, алалхусус зимни баромадҳои яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш, дар сомонаи “Ислоҳ.нет”, бештар дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намдунашон ба назар мерасад. Суол ба миён меояд!.Чаро мо, маҳз номи М.Садриддинро-ро ба забон овардем? Чунки таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳо, афроди характери динидошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ҳадафҳои ниҳоии муғризонашонро роҳандозиву амалӣ менамоянд. М.Садриддин ва шогирдону думравонаш , аз ҷумла думрави фаъолаш Муҳаммад Тағоев-
навнаҳзат бо ҷалби ҷавонони ноогоҳу бесавод, ки бехабар аз ҳадафҳои аслии наҳзату пайравонаш, бештарашон дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ ёфтаанд, тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон дода, миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан мақсад доранд. Хуллас, гумроҳшудагони иғвогар бо бозиҳои сиёсииашон барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кўшиш доранд. Гумроҳшудгони иғвогари ватангадо бояд донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу Ваҳдати миллӣ чашидаанд, дигар гумроҳ наметавон кард!Бо назардошти масоили матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки баромадҳои М.Садриддину думравонаш, умуман наҳзату навнаҳзатӣ-бадхоҳони иғвогарро шадидан маҳкум намуда, минбаъд низ барои ҳифзи марзу буми кишвар ва умуман, вазъияти ҷаҳони муосир, зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро минбаъд низ кўшиш ба харҷ хоҳем дод. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвар талош варзанд.
Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ
