ТАКМИЛИ СИФАТИ ДОНИШИ ДОНИШҶӮЁН ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ МОСТ

                       

Санаи 22-уми сентябри соли равон, дар толори асосии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мулоқоти директори донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо ҳайати васеи профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.

Мулоқот оид ба мавзуъҳои мубрами ҷомеа: вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат, ҳаводиси сарҳад бо Қирғизистон ва вокунишҳои асосноку саривақтӣ ба ҳар гуна хабару намоишҳо, даъвою баромадҳои беасосу далели вобаста ба он, раванди таълим ва давомот дар муассиса, интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳо бахшида шуда, дар он ҳамаи муовинони директор, деканони факултетҳо, сарпарастони гурӯҳҳо, сардорони гурӯҳҳо ва кормандони бахшу сохторҳои донишкада иштирок намуданд.

Директори донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид суханронӣ карда, таъкид намуд, ки масъалаи ҳифзу гиромидошт ва тарғиби ғояву ормонҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, махсусан барои тарбияву рушди ҷавонон, алалхусус донишҷӯён, аҳамияти хос дорад. Моро зарур аст, ки имрӯз ба масъалаи таълиму тарбия, давомоти донишҷӯён, рушди сатҳу сифати донишандӯзии онҳо, назорати рафтору кирдор ва андешаи ҳар яки онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, якҷоя ва дар ҳамфикрӣ ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, ифроту тафриқаангезии хоинони миллат ва дасисапардозиву ҳарзагӯии расонаҳои қирғизӣ изҳороту вокунишҳои воқеӣ ва саривақтӣ баён намоем.

Мулоқот дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва натиҷабардорӣ аз масъалаҳои зикргардида баргузор гардида, ба анҷом расид.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *