ХОИНОНИ МИЛЛАТ РEБОҲИ МАККОРАНД!

Имрӯз хоинони миллат – ҳаммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ ва думравонаш Гурӯҳи-24 дар хориҷа истода чун рӯбоҳи маккор барин макру ҳила ба кор бурданро пеша кардаанд. Ин хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90–ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Ин афрод, яъне Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳрӯзи Тагойзода беору номус ва бевиҷдон ҳастанду имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз адолат ҳарф мезананд ва бо ин роҳ, яъне таблиғоти васеъ бурда баъзе ҷавонони соддаю зудбоварро ба худ ҷалб менамоянд ва оқибат ба доми худ меафтонанд. Таҳлилҳо собит менамояд,ки сайди асосии онҳо муҳоҷирон мебошанд. Муҳоҷироне, ки бо умед барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба хориҷа рафтаанд.Ин хоинон медонанд, ки муҳоҷирон пул доранд ва сӯйистифода аз андешаҳои ғаразнокашон домро сайди худ менамоянд. Сипас бо ҳамкории хадамоти ҷосусии кишвари ба ҳамагон маълум, шахси масъулини ТТЭ ҲНИ ҷавонони фирефташудаи тоҷикро бо додани раводиди он кишвар, ба Афғонистон мефиристанд, то ба гурӯҳҳои қаблан омоданамудаи террористии ҲНИ бипайванданд. Гумроҳшудагон дар шимоли Афғонистон ҳамроҳ бо дигар созмонҳои террористӣ таҷрибаи ҷангӣ омӯхта, тибқи супориши хоҷагонашон амалҳои тахрибкоронашонро иҷро мекунанд. Бояд ёдовар шуд,ки санаи 20 ноябри соли 2020 иштироки онҳо дар ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба ноҳияи Моймайи вилояти Бадахшони Афғонистон буд. Дар ин ҳодиса чанд нафари гумроҳшудагони зодаи Тоҷикистон, ки тавассути ТТЭ ҲНИ ба террористони ваҳшӣ табдил ёфта буданд, сарбозони артиши Афғонистонро асир гирифта, сар буриданд ва ин кори худро тариқи шабакҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд. Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо намояндагони ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ал – Қоида, Бародарони мусулмон ва дигар равияҳои ифротӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ иштирок намудаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мо бо далели раднашаванда мисол меорем.Дар асоси хабаргузории “Интерфакс”-и Федератсияи Русия бо такя ба маълумоти мақомоти курд беш аз 150 ҷангҷӯйи гуруҳи тундрави ДИИШ-ро дастгир кардаанд ва дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Бо назардошти ин далелу исботи амиқ ТТЭ ҲНИ як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, ҳақиқатан аз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад.
Бо назардошти ин масоили метавон қайд кард, ки имрӯз ва дар оянда низ терроризм, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Бинобар ин ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хешсодиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд. Аз ҳама муҳим зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд!

ҶӮРАЕВ Ҷ.,
мудири шуъбаи омӯзиши таҳсилоти
фосилавӣ ва ғоибона

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *