ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДАР ЧОРЧӮБИ КАШИДАИ АҶНАБИЁН АМАЛ МЕКУНАНД!

 

Вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки роҳбарону ҳаммаслакони ташкилоти террористию экстремисти ҳизби наҳзатиислом (ТТЭ ҲНИ) ва ҳаракати ифротӣ бо номи Гурӯҳи-24 аз сабаби дарки заъифи худ аз имконияти васеъи шабакаҳои интертетӣ сӯистифода мекунанд. Воқеан дигар роҳе надоранд аз сафсатхониву ғайбаткунӣ. Ин навбат хоинони миллат-ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти ВМКБ-и шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват намуданд. Бояд қайд кард,ки ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гуруҳи -24 ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТТЭ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ то ба имрӯз ин ҳизби терористиро маблағгузорӣ мекунанд, то садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намоянд. Ҳамаи ин ба хотири манофеи шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани аҳдофи хушунатбор асту бас. Зеро аз хориҷ идора мешаванд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекунанд. Рафтору гуфтаҳову хостаҳои ТТЭ ҲНИ дигар ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад. Воқеан он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест!. Гуфтаҳои навбатии ТТЭ ҲНИ доир ба қазияи Бадахшон пур аз хусумат аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо дар чорчӯби кашидаи аҷнабиён ҳарф мезанад ва амал мекунад. Воқеан чун хоҷагони хориҷиаш хамммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуғл доштаанду доранд. Хоинони миллат ба рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд .Ин ҳолат аз он далолат мекунад, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Алҳол бадхоҳони миллат берун аз кишвари мо иқомат доранду, аз ҳақиқати ҳоли ҳодисаҳои Бадахшон бехабаранду тариқи барномаҳои ифротӣ садо баланд мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки хушбахтона ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби сиёсатмадорон, сокинони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пеши роҳи бетартибиву бенизомӣ дар шаҳри Хоруғ гирифта шуд ва мардум ба кору зиндагии муқаррарии худ баргаштанд.

Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида,қайд кардан ҷоиз аст, ки мо минбаъд низ баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлоли кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ ҳоҳем дод. Мо бояд ба қадри сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ расем, ба маҳалбозию иғвогарӣ хотима бахшида, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона меҳнат намоем!

 

А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *