Натиҷаҳои нохалафиву ватанфӯшии аъзоёни ҲНИТ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем ва ватанро ба дасти нерӯҳои бадкор биспорем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.
Бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст, аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд. Имрӯз, ки М. Кабирӣ пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви ТЭТ ҲНИ маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не! Ин тоифа хоинони Ватан ҳастанд. Хоини Ватан малъун аст ва заррае имон дар бадан надорад. Зеро ҳар як мусалмон хуб медонад, ки дӯст доштани ВАТАН аз имон аст!
Имрӯз ҳам ин дастаи нохалаф ва нотавонбин, ки худ дар ҳаққи Ватан ҷиноят содир намуда, ҳазорон ҳамватанонро гумроҳ, аз хонаву дар
муҳоҷир, сарсону саргардон намуданд, ҳатто дар хориҷи кишвар низ ором надоранд. Бо ҳар роҳу восита фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор месозанд, пешрафти Тоҷикистонро ба таъбири мардумӣ “чашми дидан надоранд”.
Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нукта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем, ҳаргиз нагузорем, ки ба фазои осудаи Тоҷикистони соҳибситиқлол, ба мардуми шарифи он, ба арзишҳои миллии мо газанде бирасад. Пос доштани Ватан, онро аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштан қарзи муқаддаси шаҳрвандии мост.
Мудири кафедра: Шарипов Зокирҷон