Санаҳои 16-26 сентябр дар Варшава аз ҷониби Ташкилоти амният ва ҳамкории Аврупо конференсияи «Дар бораи чораҳо дар соҳаи ченакҳои инсонӣ» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати ислом М.Кабирӣ мебоист бо суханҳои «айбдоркунандаи» худ баромад мекард. Бо Ба Кабирӣ тибқи регламент сухан дода шуд, аммо ӯ ғайр аз сафсатаву туҳматҳои беасос чизе гуфта натавонист. Хуллас, Кабирӣ «Амрикоро кашф накард» ва бо ин рафтораш ҳозиринро ба тааҷҷуб ва ғазаб овард.
Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.
Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурҳҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурҳҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рўзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон кифоя набуда, дар зиндагӣ бо мушкилотҳои ба монанди қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.
– Исломикунонии маҷбурии ҷомеа, аз ҷумла ворид намудани фарҳанги бегонаи исломӣ, аз қабили ҳиҷоб ва либосҳои бегона;
– Пайдоиши тафриқа миёни мусалмонони кишвар: ба вуҷуд омадани як қатор гурӯҳҳои ғаразноки динӣ, аз он ҷумла «Салафия», «Ваҳҳобия», «Такфириҳо» ва гурўҳҳое, ки мақсадҳои ғаразнокро пайгирӣ менамоянд;
– Ин гурўҳҳо зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба сафи гурўҳҳои экстримистии хеш шомил гардонида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани тайёр мекунанд.
Мутаассифона, эшон аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба шаъни ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд. Дар натиҷа иддае аз ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд.
Ҳизби наҳзати исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳизби характери динӣ дошта эътироф мегашт, лекин он ташкилоти дини набуда ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надорад.
Тибки моддаи 2 Конуни Ҷумхурии точикистон « Дар бораи хизбхои сиёси» максади асосии хизби сиёси иштирок дар хаёти сиёсии ҷомеъа бо воситаи ташакккули иродаи сиёсии шахрвандон мебошад
Фаъолияти ҲНИТ бошад ҳамеша аз фитнаву бадбиниҳо нисбат ба ҳукумат ва давлат мебошад. Бо ин қаноат накарда дар охир ҲНИТ аҳдшикани кард. Рў ба силоҳу яроқ овард ва ба созишномаи сулҳ зарба зад.
Муаллими калони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ
Шамсидинов Абдуллоҷон