(Қисса дар бораи митингбозиҳои наҳзатӣ)
Хиёнаткори муосир дар таърих ТТЭ ҲНИ мебошад.
Сарчашмаи хиёнат ҳамин муллопарастии фардии миёнаоморист. Ҳадафи аслии баъзе қишрҳои ҷомеа аз он иборат мебошад, ки хами абрӯйи муллоро аз рифоҳу осоиштагии ҷомеа болотар донанд ва бо воситаи «қадам ба қадам» табақаи руҳониятро ба монанди ҷомеаҳои мазҳабзада барҷаста месозанд.
Устод Садриддин Айнӣ дар аввали асри 20-ум ба арсаи сиёсат омад ва шоҳиди хиёнатпарокании худӣ ва бегонагон гардид. Ӯ медид, ки чӣ тавр тоҷикони аслбохта бо ҳамкории пантуркистони муомилагар, мансубияти миллии худро рад мекарданд, мавҷудияти тоҷикро дар Мовароуннаҳр ҳамчун миллат инкор мекарданд. Хиёнатгарӣ дар атрофи С.Айнӣ баъди навиштани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» то андозае авҷ гирифт, ки ӯ маҷбур шуд, соли 1937 ба хотири амнияти худ ва хонаводааш ба Гурҷистон фирор намояд.
Барои возеҳу равшан шудани матлаб, фикрамонро содатар баён менамоем. Дар урфу одати наҳзатиҳо, ҳоло ҳам хислати манфии ақибгароӣ ва дар симои пиру, муллову эшону шайху мавлавӣ, ҳидоятгарони дунёву охиратро пазируфтан маълум аст.
Дар ҷойи сайқал додани арзишҳои худшиносӣ, серталошӣ, ғайратмандӣ, афроде пайдо мешаванд, ки роҳи ҳалли мушкилотро дар дуохонӣ, фолбинӣ ва шунидани мавъизаи бесару нуг мебинанд. Чун ин тоифа эҳсос мекунад, ки масири ҷомеа ба сӯйи илму технология равон аст ва табиист, ки бинобар қонунҳои рушди устувор мулло бо таваҷчуҳ ба рақобатпазир набудан бояд ба ҳошия ронда шавад, эҳсоси хатар мекунанд ва ба хиёнатҳое даст мезананд, ки намунаи манфии онро, моҳи сентябри соли 2015 ба мушоҳида гирифтем.
«Суннатпарастӣ, шариатмадорӣ, вопасгароӣ, ақибмондагӣ, ҳувиятбохтагӣ, бегонапарастӣ ва усулан, ҷаҳолатписандии ашхоси бешумори гурӯҳи террористӣ ниҳон аст. Ашхосе, ки бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, муҳимтар аз ин, тафаккурашон бар хурофатпарастӣ бунёд меёбад, мушкилэчодкун ва низоъофар мебошанд. Вақте ки илму мантиқи зинда дар матраҳ сохтани масъалаҳо ва мушкилоти сиёсӣ кӯтоҳ меояд, ҷаҳлу таассуб баранда мешавад ва даст мезананд ба хиёнат», мегӯяд коршинос.
Пешопеш, ба хонандаи муҳтарами ин сатрҳо расонида шавад, ки вақте мо дар бораи мафҳуми хиёнат ва хоинҳо дар ин мақола сухан меронем, ба он маъно нест, ки ин падида хоси тоҷикҳост ва нохоста дар вуҷуди ҳамватанон эҷоди тарсу ҳарос ва камбиниро ба вуҷуд набиёрем. Ҳаргиз, ин тавр нест. Баръакс, навиштани чанд ҷумлае дар ин ҷо, ба хотири донистани нуқсон ва камбудиҳои худӣ аст. То бад нагӯйӣ, хуш наояд. Танқид дар баробари худтакмилдиҳӣ, худсозӣ ин ҷо гуфта мешавад. Чунончи, маълум аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ хадамоти амният дар сафҳои худ воридшавии агентҳои амнияти хадамоти махсусро назорат мекард, бо ҳамон бузургии гушношунид, танҳо дар ахири солҳои 80-уми асри гузашта, зиёда аз 70 нафар хоинонро он ҷо ифшо карда буд, ки қасами ҳарбиро фоҳишона шикаста, ба манфиати кишварҳои олами Ғарб кӯмак мекарданд. Агабекову Поляков, Гордиевскиеву Калугин аз зумраи хоинони машҳури замони Шуравӣ буданд, ки ба унвонҳои болобаланд нигоҳ накарда, бар ивази дирами ночизе Ватанро фурӯхтанд.
Мафҳумҳои зиёд дар бораи хиёнат мавҷуданд. Вале таърифи аз ҳама муҷаз ва ба таври пурра маънои хиёнатро ифода мекардагӣ ба фикри мо ин аст: «Хиёнат – ин кирдори қасдан расонидани зарар ва осеб (моддӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ) ба шахс ва ё гурӯҳе мебошад, ки ба Шумо бовар кардааст». Яъне, аъмоли мушаххас барои расонидани осеби бештар ба шахси наздик, ҳамсангар, ҳаммеҳан, ҳамкор ва дӯст.
Дар тӯли таърих, хоинон ҳамавақт мардони бузургро ҳамроҳӣ мекарданд. Башараи хоинонаи Яҳудо, ки савганди вафодориро ба ҳазрати Исои Масеҳ шикаст, ҳаммаънои калимаи мунофиқ, хоин ва муртад дар дунё арзёбӣ мешавад.
Дар китоби рӯймизии ҳар як марди оқил «Маснавии маънавӣ» омадааст: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сӯйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса бингар, ки бо кадом гурӯҳӣ.
Гар ба Ҳомон моилӣ ҳомониӣ,
Гар ба Мӯсо моилӣ субҳониӣ.
Аз ин рӯ, ТЭТ ҲНИ хоин буд ва хоин мемонад. Митингбозии онҳо, рӯпушии сарозер шудани сармояи муфт ва ҳангуфт аз хочагони хориҷӣ мебошад.
Зинда бод точик!
Решакан бод террористони ҲНИ
Салими Ормон, таҳлилгар