¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Дар баъзе расонаҳои хабарии ифротӣ рӯзҳои охир иттилоъ дар бораи доир гардидани гирдиҳамоии созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” (дар асл ТТЭ ҲНИ) паҳн гардид. Албатта маълум аст, ки дар Тоҷикистон гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ нестанд. Роҳбарият ва фаъолони ТТЭ ҲНИ якчанд нафар ҳаммаслакони худро, ки ҷиноятҳои мудҳиш содир кардаанд, “зиндониёни сиёсӣ” меноманд. Ин амали онҳо ҳам хандавоар ва ҳам хеле манфур аст.
¶ 2
Leave a comment on paragraph 2 0
Яке аз фаъолони наҳзатӣ Сайидюнус Бурҳонов, ки дар зери домани охундҳои шиъамазҳаб пинҳон шуда, ҳамчун олоти таблиғотии онҳо фаъолият дорад, иқдомҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар баробари амалҳои ин ҷинояткорон аҷибу ғариб ва стихиявӣ меҳисобад. Аммо маълум аст, ки амалҳои иғвогаронаи наҳзатиҳо дар Аврупо, масалан ташкили гирдиҳамоӣ дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон сохта ва бар зидди манфиатҳои миллӣ ташкилшуда мебошад.Аммо иқдомҳое ки дар Душанбе рух медиҳанд, масалан ошуб дар назди Сафоратхонаи Олмон ё намояндагии САҲА сохтаю ташкилшуда нестанд, балки худҷушанд ва аз ҳамин сабаб дар назари Сайидюнус барин наҳзатиҳои худбохта ва ба ғуломи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ табдилёфта аҷиб менамоянд. Масалан, стихиявӣ будани амалҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар муқобили намояндагии САҲА маҳз баста нашудани он исбот мекунад. Яъне гурӯҳи сокинони кишвар, ки аз дастгирӣ ёфтани террористони наҳзатӣ аз сӯи САҲА ба хаш омада буданд, баста шудани онро талаб карданд, аммо Ҳукумат аз ин амал худдорӣ кард.
Сайидюнус бо палидӣ ва нобакории махсус ҳамватанони худро, ки дар муқобили душманони наҳзатии террорист ва дахолати неруҳои хориҷӣ садо баланд мекунанд, аҳмақ меномад. Аммо магар худаш аҳмақ нест, ки сар зери домани охундҳои шиъамазҳаб пинҳон кардаасту ба хотири манфиати моддии шахсӣ ватану миллаташро таҳқиру тавҳин мекунад?
Аҷиб аст, ки Сайидюнус ва ҳаммаслаконаш доир гардидани гирдиҳамоиҳоро дар Аврупо амали муқаррарӣ меҳисобанд, лекин чунин иқдомотро дар Тоҷикистон аҷибу ғариб унвон менамоянд. Ин амалҳои наҳзатиҳост, ки аз аввал муташаккилона ва бо дастури хоҷагони хориҷиашон сурат мегиранд. Аммо дар Душанбе чунин иқдомот танҳо стихиявӣ буда метавонанд ва аз ҷониби касе ташкил карда нашудаанд. Бинобар ин ҳоло маълум нест, ки амали мардуми аз бедодгариҳои наҳзатиҳо ба хашм омада дар шакли гирдиҳамоӣ сурат мегирад ё ошуб.
Сайидюнус чунин ақидае дорад, ки гӯё як мансабдори олмонӣ бошад ва ба манфиати он кишвар менависад. Манфиати Тоҷикистонро тамоман сарфи назар кардааст, ки хиёнаткор буданашро бори дигар собит месозад. Аз давлатдорҳои олмонӣ як чизи фавқулода ва таъсирнопазир сохтани Сайидюнус нодуруст аст. Онҳо ҳам инсонанд ва албатта бояд дарк кунанд, ки дастгирии наҳзатиҳои террорист амали нодуруст аст. Албатта баргузории роҳпаймоию доир гардидани гирдиҳамоӣ дар Аврупо ва дилхоҳ кишвари ҷаҳон амали маъмулӣ аст, вале ба шарте ки онро террористҳои мисли ТТЭ ҲНИ ташкил накарда бошанд.
Мо мутмаин ҳастем, ки мақомоти Олмон ҳам оқибат террористу ҷинояткор будани роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ-ро мефаҳманду барои дастгир кардану ба Тоҷикистон интиқол додани онҳо мусоидат менамоянд, то дар назди қонун барои амалҳои худ ҷавоб диҳанд.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Парвизи Мирзо, д.Лаби Ҷари н.Тавилдара