Дар садаи XXI терроризм ба яке аз масъалаҳои умдатарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро терроризм хатарест, ки сарҳад ва ҳудуди номаҳдуд дошта, ҷони чандин нафарро бо худ мебарад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти ишораҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».
Имрўз узви ҳар як ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бар зидди терроризм муборизаи ҳамаҷониба барад.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо нафароне низ ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу оромӣ нарасида, шомили гурўҳҳои террористиву экстремистӣ мегарданд. Ба ин гурўҳи ташкилотҳои террористию экстремистӣ Ҳизби наҳзати исломӣ дохил мешавад, ки фаъолияташ хиёнаткорию иғвоангезӣ ва ҷинояткорӣ аст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанўз солҳои 90-уми асри гузашта, даврони фоҷиабори муқовимат бо терроризму экстремизмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ талафоти зиёди ҷонию молӣ дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад ва ҳамеша ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи муштарак бо ин вабои аср даъват мекунад.
Имрўз мардуми тоҷик хиёнатҳои наҳзатиёнро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад, амалҳои хиёнаткоронаи онҳоро шадидан маҳкум мекунад ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи найрангҳои аъзоёни ин ташкилоти террористӣ намегардад.
Раҳбари фирории ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ тавассути найрангбозию иғвогарӣ созмонҳои ифротии «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо”- ро аввал ташкил дода, сипас бо онҳо иттиҳод баст. Аммо, ба иллати шинохтани симои воқеии раҳбарияти наҳзатӣ ва шахси Кабирӣ, ду созмони дигари мухолиф – Анҷумани неруҳои созанда (Додоҷон Атовуллоев) ва созмони ифротии “Гурӯҳи 24” аз пайвастан ба ин эътилофи сунъӣ (ИНОТ-2) худдорӣ варзиданд. Ин маънои онро дорад, ки ТТЭ ҲНИ имрӯз асосан аз хешу табор ва наздикони Кабирӣ иборат буда, ҳатто дар байни чанд нафар мухолифи муқими Аврупо ҳам ҷонибдор надорад. Аз ин ҷост, ки эътилофи сохтаи Кабирӣ умри дарозе нахоҳад дошт, чаро ки ба он ҳатто тарафдорони имрӯзиаш ҳам эътимоди решаӣ ва бунёдӣ надоранд.
Эътилофи наҳзатиҳоро, ки дар пардаи ташкилоти сиёсии “Паймони миллии Тоҷикистон” пинҳон шудааст, ТТЭ ҲНИ ва созмонҳои ба он наздик бо ҳимояту пуштибонии мафкуравию молиявии хориҷӣ таъсис намуданд ва Кабирӣ худро дар раисии он қарор дод. Бо ин васила ҳадсу гумонҳоро нисбат ба созмони ифротгарои наҳзатӣ будани ТТЭ ҲНИ тадриҷан аз миён бардорад. Ин аст, ки дунболи фирефтану гул задани муҳоҷирини тоҷик мегардад ва бо суханҳои дурӯғи худ домани онҳоро пур аз чормағзи пуч мекунад. Дар нишасти ахири САҲА дар Варшава Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз қабл омодагии ҷиддӣ гирифта буданд.
Шарипов Далер Салимҷонович
ассистенти кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ