Олами сиёсат гуногун чеҳра аст. Раванду ҳодисаҳое ҳастӣ доранд, ки хусусиятҳои асосии онро муайян месозанд. Дар рафти инкишофи таърихӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Ба ҷои ҳодисае ҳодисаи дигар меояд. Ба ҷои насли дигар ташаккул меёбад. Насли нав талаботу манфиатҳои хешро дорад. Бинобар ин дар пайи тағйири ҷомеа, арзишҳо ва системаи сиёсии он бо тамоми унсурҳо ва хусусиятҳояш мегардад. Олами сиёсат зудҳаракат аст. Вақте ки муносибатҳои сиёсии мавҷудаи системаи сиёсӣ ба манфиатҳои субъектҳои навини сиёсат мувофиқ намеоянд, он гоҳ воқеияти объективӣ тағйироти сиёсӣ ва умуман, инкишофи ҷомеаро талаб менамояд. Ҳамин тариқ, номувофиқ омадани воқеияти реалӣ ва тасаввуроти субъектҳои сиёсат боиси рушди сиёсии олам мегардад.
Аз ин рў, сиёсат азалӣ нест. Он натиҷаи инкишофи таърихист. Пайдоиш ва инкишофи он аз мураккаб ва пурихтилоф гаштани ҳаёти иҷтимоӣ дарак медод. Сиёсат дар макон ва замоне пайдо мешавад, ки ризоияти табии байни одамон халалдор ёфта, талабот ва танзими рафтору кирдори онҳо ба амал меояд. Сиёсат қисми таркибии ҳастии инсон, соҳаи муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамчунин падидаи мураккаби ҷамъиятӣ сиёсат кулли одамонро фаро мегирад. Дар ҷомеа шахсе нест, ки ба сиёсат сару кор надошта бошад. Новобаста аз хоҳишашон одамон ба ин ё он сатҳ ба сиёсат кашида мешаванд. Зиёда аз ин, сиёсат ба талаботи кули одамон табдил ёфтааст. Соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба андозаи зарурӣ хосияҳои сиёсиро пайдо намудаанд.
Терроризм зодаи сиёсати нодуруст ва ноодилонаи кишварҳои абарқудрат мебошад. Ноадолатӣ дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики пешрафта ва сустинкишоф, дар дохили ҳар як кишвар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа сабабҳое мебошанд, ки терроризмро ба майдон оварданд. Беэҳтиромӣ нисбати арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ ва анъанаву расму оинҳои хоси мамолики сусттараққӣ ва ақалиятҳои миллию динӣ сабаби дигари мағлубнапазирии терроризми байналхалқӣ боқӣ хохад монд. Президенти Ҷ.Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз 4 апрели соли 2003 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид чунин гуфта буд:
«Имрўз ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи инсоният 80 дар сади боигарии ҷаҳонро дар даст дорад. Агар дар охири асри 19 таносуб дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики тараққикарда ва сусттараққикарда ба сари аҳолӣ 9 бар як бошад, пас имрўз ин таносуб сад бар як аст».
Аз ин нуқта хулоса баровардан мумкин аст, ки одамон новобаста аз хоҳиш ва иродаашон дар робита ва ҳамбастагӣ буда, ба сифати иштирокчии раванди сиёсӣ ва офаридгори сиёсат баромад менамоянд, ки ин дар натиҷа, бо содир намудани ягон амали номатлуб оварда мерасонад.
Тибқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм яъне содир намудани таркиш, сухтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад. Ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо мебошад.
Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Сиёсати як қатор давлатҳои ғарб ба он нигаронида шудааст, ки ба террористон ягон хел гузашт накардан, ба давлатҳое, ки террористонро ҳимоя мекунанд, фишор овардан, ҳамаи кувва ва воситаҳоро аз он ҷумла, қувваҳои ҳарбиро зидди террористон истифода бурдан ба дигар давлатҳо барои мубориза бар зидди террористон ёри расонидан иборат аст.
Лекин кишварҳои абарқудрат ба монанди ИМА, Британияи Кабир, созмони кишварҳои аврупоии САҲА рӯирост ташкилотҳои террористиро ба монанди ДИИШ, ҲНИ, Бародарони мусалмон, “Анҷумани озодандешагон”, миллатчиёни Украина ва дигаронро дастгирӣ намуда, бо маблағ, яроқу аслиҳа ва маводи озуқа таъмин мекунанд. Аз таърихи на он қадар дури кишварамон медонем, ки Ҳизби наҳзати исломӣ бо дастгирии кишвари ба мо дӯсти Эрон ба сари қудрат омада буд ва меросхӯронаш то ҳол ба умеди дастгирии мақомоти махсуси Эрон дар Аврупо озодона фаъолият мебаранд. Онҳо ҳоло ҳам тинҷию оромии кишварамонро чашми дидан надоранд, бо роҳҳои гуногун ба муқобили сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳилаю найрангҳои нав фикр намуда, бӯҳтонҳо паҳн мекунанд. Мо медонем, ки дар солҳои навадуми асри гузашта мубориза бар зидди қишри пешқадами аҳолӣ, ки ҳамчун шахсиятҳои калидӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ нуфуз доштанд, ба ҳадафи стратегии наҳзатиҳо табдил ёфта буд. Бо дасти онҳо як қатор нафарони барӯманди кишварамон ба монанди академик М.Осимӣ, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов, доктор Исҳоқӣ, ҳофизи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Кароматулло Қурбонов ва дигарон кушта шуданд. Қатли қишри пешқадами аҳолӣ дар ҷомеа тарсро ба вуҷуд овард ва як навъ террори фикрию равониеро мемонд, ки саропои ҷомеаро фаро гирифта буд. Ҳоло бошад, онҳо босмачиҳоро “қаҳрамонони миллат” меноманд, ният доранд, ки тамоми қувваҳои душмани халқу кишварамонро муттаҳид намоянд.
“Анҷумани озодандешони тоҷик” бошад, зиёда аз як сол боз фаъолият дорад. Роҳбари он Сайидюнуси Истаравшанӣ аз аввал пешравии кишварамонро чашми дидан надошт. Ҳоло бошад, дар бораи “бӯҳрони иқтисодӣ” ҳарф мезанад, дар бораи пешравии иқтисодӣ ва тинҷию оромии Тоҷикистон тамоман чизе намегӯяд. Албатта, дар замони муосир давлатеро ёфтан мушкил аст, ки камбудие надошта бошад. Дар ҷумҳурии мо низ на ҳама мушкилот ҳал шудаанд, аммо ин чунин маънӣ надорад, ки барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ дар хориҷа анҷуману созмонҳо таъсис дода шаванд. Яъне, масъалаҳои дохилиро дар дохили кишвар, бо роҳҳои қонунӣ, бо маслиҳату машварат, тибқи қонунҳои дохилӣ ҳал намудан лозим аст. Аз ин хотир, таъсиси як созмони нави шубҳанок дар хориҷи кишвар аслан ба суди ҳеҷ ҷонибе нест.
Муттаҳид шудани М.Кабирӣ ва С.Истаравшанӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон барои кишвари мо ягон некӣ надорад. Аз онҳо ҳама вақт ягон провокатсия интизор шудан мумкин аст. Бинобар ин ба мардуми кишварамон ва аз ҷумла ҷавонон мерасонем, ки ба суханҳои дурӯғи онҳо бовар накунанд, фирефтаи пулу чизи ҳароми онҳо нашаванд, бо онҳо ягон ҳамкорӣ накунанд. Онҳо хоин, ватанфурӯш ва ҷинояткор буданд ва ҳамин тавр мемонанд.
Алимухамедова З.З.- муаллимаи кафедраи
математикаи олӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ