Халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои ахмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд

Мо хуб медонем, ки ғарази таъсисёбии «Анҷумани озодандешони тоҷик» чист? Ғарази ин анҷуман на таблиғи дин ва на намоиши демократия аст. Ғарази Шумо гумроҳонро ҳамчун ифодакунандаи нақш истифода бурда наворатон мегиранд, то ба ҳамаи ҳадафи худ, ки танқиди Тоҷикистон аст бирасанд. Агар Шумо озодфикрон бошед, биёед ба Ватан озодфикриатонро пешниҳод кунед, агар ба манфиати халқ бошад, шуморо ҳукумат дастгирӣ мекунад. Агар ободгар бошед, аз дохил истода Ватанро обод кунед, ки шуморо дастгирӣ кунем.

Дини мусалмонӣ дини тозатарин ва ростин аст, вале мутаассифона, имрӯз мусалмононе пайдо шудаанд, ки ин дини мубинро ба шохаҳо тақсим мекунанд ва аз он ҳизбҳо ташкил медиҳанд. Дин ҳизб нест! Дин эътиқод аст ва боварӣ ба Худои таоло. Имрӯз дар давлатҳои исломӣ мусалмонон намояндагони динҳои дигарро бо чашми бад нигоҳ мекунанд, ки ин соф муқобили дини мубини ислом аст, барои он ки дар ислом умуман хислати бадбинӣ нисбати якдигар ва бандагони Худо гуноҳи гарон аст. Агар бадбиниро гуноҳи гарон ё азим гӯем, худкушӣ, қатли мардуми бегуноҳ, дигар амалҳои террористӣ гуноҳе ҳаст ногуфтанӣ. Яъне ифротгароён ё шахсоне, ки амалиёти ваҳшиёнаро на танҳо дар давлатҳои худ, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ амалӣ мегардонанд, аз номи мусалмонон баромад карда, якчанд амалиёти террористӣ гузаронидаанд, ки боиси фоҷиаи гӯшношунид гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.

Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мову шуморо ҳушёр ва водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба воқеаҳои рухдодаистода дар кишварҳои Осиёи наздик эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем, нагузорем, ки чунин падидаҳо ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем.

Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷӣ пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлидкорӣ ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои созандагӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта танҳо айбҷўиро мебинанд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд. Ба мафкураи онҳо бо ғояҳои ғалатро, ҳатто баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳамчун хиёнат ба дину муқобилият ба Худо мефаҳмонанд.

Мо кулли шаҳрвандони тоҷик хуб медонем, ки ин «Анҷуманҳо»-и ифротгаро дар хориҷи кишвар чӣ меҷўянд. Оби уқёнусу кўлҳо наметавонанд, гарду ғубору қураи дилҳои сиёҳи онҳоро бишўянд.

Ҳазорҳо пардаю девори Чин ҳатто наметавонанд, мақсадҳои нопоки Шуморо пўшида бидорад. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои ахмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд.

Сармуаллими кафедраи

иқтисодиёти ҷаҳон

Ғайбуллоев К.Қ.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *