Гуруҳҳои ифротгаро ба амнияти кишвар халал ворид мекунанд

“Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб, миллат
надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани
ислом кори нодуруст аст. Мубориза ба экстремизму
трроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза
бар зидди дин муаррифӣ набояд кард”.
Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои охир ҳамарӯза тариқи расонаҳои иттилоотӣ ва ахбори омма оид ба ҳодисаҳои терроризм ва экстремизм маълумотҳо нашр ва намоиш дода мешаванд. Терроризм – сиёсате мебошад, ки бо мафҳумҳои зӯроварӣ, тарсонидан ва таҳдид алоқамандӣ дорад. Терроризм ва экстремизм ба ҳалли дурусти масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъсири манфӣ дорад. Ҳангоми таҳдиди ин мафҳумҳо қонун, қарор ва барномаҳои тасдиқ шуда, ба пуррагӣ дар амал татбиқ намешаванд. Терроризм ва экстремизм ба донишандӯзӣ ва маърифатнокии аҳолӣ, дар амал ҷорӣ намудани навовариҳои инноватсионӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт хатар эҷод мекунад.
Имрӯзҳо зери ниқоби ҳизбҳои ғариқонунӣ гурӯҳҳои гуногуни террористию экстермистӣ дар ҷаҳон сабаби кушта шудани даҳҳо ва садҳо шаҳрвандони осоиштаи мамлакатҳои гуногун мегардаднд. Масалан, дар панҷ моҳи аввали соли 2017 дар Англия танҳо 6 ҳолатҳои террористии ба мақомоти қудратӣ ва ба аҳолии осоишта равона шуда, ба қайд гирифта шуд. Чунин ҳодисаҳо дар Афғонистону Сурия, Мисру Лубнон ва Украина зуҳуроти анъанавӣ гардидаст. Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ кӯшиш доранд, мамлакатро зери тобеияти худ дароранд, сулҳу осоиштагии мардумро халалдор намоянд.
Аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба кушта шудани қисми зиёди аҳолӣ гардид. Ин ҳолати ба вуқуъ омада маҷбур сохт, ки қисми зиёди аҳолӣ ба гурезагони иҷборӣ табдил ёбанд. Дар ин солҳо ҲНИТ бо сабабҳои ба аҳолӣ номаълум ба қайд гирифта шуд. ҲНИТ фаъолияти худро ба ном бо рукнҳои исломӣ оғоз кард. Ҳол он, ки дар ҷумҳурӣ ғайр аз ҲНИТ боз 7 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда буд, вале дар муддати кӯтоҳ миқдори аъзоёни ҲНИТ зиёд гардид.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон ғариқонунӣ ҳисобида шудааст. Фаъолияти ин ҳизб қатъ гардида бошад ҳам, сарвари ҲНИТ Муҳиддин Кабири то ҳол тариқи расонаҳои хабари аз мамолики хориҷӣ ба сулҳу якпорчагии Ватани азизамон – Тоҷикистон таҳдид мекунад.
Мо худ медонем, ки айни замон дар Тоҷикистон ғайр аз ҳизбхои сиёсӣ, инчунин, ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки кӯшиш доранд, тақдири мамлакатҳои Афғонистону Сурия, Лубнону Миср ва Украинаро ба сари миллати худ оранд ва бо роҳи зӯроварӣ сари ҳукумат нишинанд.
Сарвар ва пайравони ҲНИТ ва аъзоёни зархариди гурӯҳҳои ифротгароӣ бояд ҳис намоянд, ки халқи тоҷик тарафдорӣ терроризму экстремизм нест, ҷангу хунрезӣ намехоҳад.
Бояд зикр кард, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни баромадҳои хеш борҳо таъкид намудаанд, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд», зеро дар ҳар давру замон ҳар миллат ба ҷавонони худ такя мекунад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд солимфикр ободгару созанда ва бунёдкорӣ давлату Ватан ба камол расанд. Ҷавонон бояд такя ба бузургон карда, панд ва суханони онҳоро сармашқи кори худ намоянд, Тоҷикистонро ободу осуда ва ҷамъияташро хушбахт нигоҳ доранд.

Абдурашидова Масъуда Абдуқодировна –
Мутахассис оид ба лоиҳаҳои инноватсия

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *