ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО ТАЪСИРИ ОНХО БА АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ

Имрўз тамоми дунё аз ҳар гуна ҳаракатҳои ифратгароӣ хеле дар ташвишанд. Нигоҳ доштани амнияти мардум ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ торафт мушкилтар шуда истодааст. Барои мардум дар ин дунё танҳо зиндагии орому осуда зарур аст, на ин ки ҷангу куштор ба хотири дину мазҳаб.
Шукр аз он дорем, ки имрўз давлати мо тинҷу осудааст. Аммо мебинем, ки давлатҳои зиёд бо таъсири гурўҳҳои гуногуни ифротӣ нотинҷ, амниятшон халалдор гардидааст.
Пешравии давлат аз осудагист. Гурўҳҳои ифротӣ мехоҳанд бо парчамҳои дин ва мазҳаб ба мансабҳои давлатӣ оянду халос, онҳо фикр мекунанд, ки бар сари давлат нишинанду бас, аммо давлатдорӣ кори саҳл нест. Барои мо мисол шуда метавонад давлатҳои араб, ба хусус давлати тинҷу ороме, ки онро ҳамин гуна гурўҳҳои ифротӣ вайрон карданд, Украина мебошад. Онҳо сараввал танҳо тағйир додани сохти давлатро мехостанд, аммо вақте бар сари давлат нишастанд кор тамоман ранги дигар гирифт, аз ин рў мо набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳем ва нагузорем, ки давлати тинҷу ороми мо нотинҷ, падарону модарон ва зану фарзандони мо бе сарпаноҳ ва бе саробон монанд.
Мутаассифона, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гуруҳҳое таъсис ёфтаанд, ки мехоҳанд бо истифода аз номи ислом ва берун аз нишондодҳои он ба амнияти дохилии ҷамъиятӣ тафриқа андозанд. Яке аз чунин гуруҳҳо Ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) буда, аз давраи аввали истиқлолият то имрўз, новобаста аз ҳукмфармоии ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, устувории сиёсати дохиливу хориҷӣ, болоравии некӯаҳволии мардум, таваҷҷӯҳи бештар ба илму маориф, умуман тараққиёти босуръату мунтазам мехоҳанд, бо роҳи ғайриқонунӣ ба ҳокимият дастёб шаванд. Қисмати асосии аҳолиро ташкил кардани пайравони дини мубини ислом бошад, онҳоро водор месозад, то ба доми бозиҳои сиёсӣ кашида шаванд. Хусусан, тарғиби таълимотҳои бунёдгароӣ ва татбиқи он, ки пеш аз ҳама дар замони зуҳури ислом аҳамияти бештар дошт, меҳвари асосии муборизаҳои ТЭТ ҲНИТ-ро ташкил медиҳад. Фундаменталистон баргаштан ба низоми идоракунии хилофатро ҷонибдорӣ менамоянд. Баррасии масоили фундаментализм дар замони муосир ва таҳдидҳои он ки ба ташаккули терроризму экстремизм, актуалиятнокии омўзиши шаклҳои зуҳури онро нишон медиҳад. Моҳияти асосии таълимоти идеологии фундаментализми исломро риояи бечунучарои меъёрҳои динӣ, ки дар он танқиди ҳокимият, сиёсатмадорон, ошкорсозии камбудиҳои онҳо пурра манъ гардидааст, ташкил медиҳад. Амалҳои ТЭТ ҲНИТ акси ҳамин меъёрҳоро нишон медиҳаду, татбиқи он барои тарғиби ғояҳои фундаменталистӣ нигаронида шудааст. Яъне аъзоёни ҲНИТ бо истифодаи ҳар гуна фитнаву дассиса бо бадномсозии ҳокимони давр, танқиди сиёсати замона мехоҳанд, режиме барқарор сохта бошанд, ки дар он сарвар ҳокимияти олӣ дошта, амалу кирдорҳои онҳо танқиднопазир бошад. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки пайравони ТЭТ ҲНИТ орзуманди бунёди тартиботи авторитарӣ ва инкори низоми сиёсии демократии ҳуқуқбунёд мебошанд. Умуман, назардошти тағйирдиҳии сохтори сиёсии Тоҷикистон ошкоро нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ нисбат ба халқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо бетараф мебошад. Доштани ҳадафи зиддиконститутсионӣ худ шаҳодатгари он аст, ки бо соҳиб шудани ҳокимият низ хунрезиҳову ошӯбаҳо дар байни ҷомеа идома меёбанд. Чунин амалҳои хурофотпарастонаву ваҳдатшиканона назди бадномсозии дини мубини ислом дар арсаи байналхалқӣ ҳеҷ аст.
Пайравони ТЭТ ҲНИТ барои амалисозии ҳадафи нопок – ба даст овардани ҳокимият ва татбиқи он аз номи дини маъруфу шинохтаи олам баромад карда истодаанд. Чунин рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад.
Имрўзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд  ҳамин гурўҳҳои дингаро ва ифротӣ мебошад.  Дар сари ҳамин гуна гурўҳҳои ифротӣ  шахсияти хиёнатгори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, кўшиш менамояд, ки ҷавонони  ноогоҳро ба сўи ҷангу хунрезӣ хонад. Барои ҳокимиятро ба даст овардан  аз ягон кори зишт даст намекашад.  Дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо  мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигаронист. Маҳз бо ташаббуси ҳамин гуна шахсиятҳои хатарзо ва хиёнаткори ҷомеа  баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд. Аз ин рў, салафияву ваҳҳобия ва ТЭТ ҲНИТ мехоҳанд, ки дар  кишвари  мо оташи ҷангу хунрезӣ дубора авҷ гирад ва намояндагонаш ба ҳадафҳои нопок ва нанговари худ бирасанд. Ин гурўҳҳо имрўз  берун аз кишвар бо дастуру супоришҳои ғаразмандона ва хиёнаткоронаи  хоҷагони  худ  кўшиш доранд бо ҳар гуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок   Тоҷикистонро дубора ноамн созанд.
ТЭТ ҲНИТ имрўз   мехоҳанд ҷавононро бо ташвиқу талқин ба афкори диниву манфиятҷўёни худ ба корҳои бад сафарбр кунанд. Маълум мешавад, ки афроде берун аз кишвар кўшиш доранд бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора  ноамн созанд. Дар асл метавон гуфт, ки ин гурўҳҳо мехоҳанд барои мардумро ба дину ҳурофотпарастӣ талқин намоянд. Маълум аст, ки  дар замони имрўз  бо мафкураи динӣ наметавон пеш рафт ва ба муваффақият расид. Аҳли илми ҷаҳонӣ борҳо гуфтаанд, ки замони дину хурофот кайҳо гузаштааст. Намояндагони гурўҳҳои мазкур аксаран аз илмҳои  муҳими замонавӣ огоҳӣ надоранд. Як гурўҳҳои беилму хурофотзада, ки ба ҷуз суханони мутаасибони  хоҷагони дигар ба ҳеҷ чиз бовар надоранд.
Мо мехоҳем, ки ҷавонони имрўза огоҳ бошанд, бештар китобҳоро мутолиа намоянд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта бошанд. Роҷеъ ба ҳар  гуна ҳизбу ҳаракатҳо маълумот дошта бошанд. Ҷавонони зиёд имрўз ба тарғиботҳои гуногуни гурўҳҳои ифротӣ бовар намуда, ба онҳо шомил шуда истодаанд. Намедонанд, ки зарбаи сахт на танҳо ба ватани хеш, балки ба оила, падару модар, пайвандони хеш мерасонанд.
Мо хеле хуб медонем, ки мардуми тоҷик дар солҳои баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба чӣ бало гирифтор шуданд. Имрўза шароите, ки мо дорем ин меҳнати зиёда аз бисту шаш солаи Пешвои муаззами миллати мо, Президенти Љумњурии Тољикистон Ҷаноби Олӣ муњтарамЭмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро баъди ҷанги шањрвандї ба давлати ҷангзадаи мо инвеститсияҳо, робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо овардан ва ё барои омадан метарсиданд. Чи қадар ин зарба буд барои мо, зеро давлат ба ҷои рушд кардан ақибнишинӣ карда буд. Имрўз шукри давлат, ободӣ, пешравӣ ва осудагии онро намуда, ба ҳар гуна тарғиботҳо роҳ додан мумкин нест.
Аз ҷавонон даъват ба амал менамоем, ки огоҳ бошанд, ба давлати худ, модари худ, ватани худ ва сарвари он хиёнат накунанд, ки гуноҳи азмиеро дар назди ҳам давлат ва ҳам назди Худованд мегиранд.
Аз калонсолон бошад онро хоҳонем, ки ба ҷавонон корҳои нек, амалҳои солеҳро омўзонанд, ҳамроҳи онҳо бошанд ва одоби баланди шарқиёнаро таълим диҳанд.
Амнияти давлати мо дар дасти ҳар яки мост, мо худамон  гирду атрофи хешро эҳтиёт намоем, ба рушди босуботи давлатамон саҳмгузор бошем.

 И.Иброҳимов, н.и.ф.м., ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *