Тоҷикистон бо кишварҳои мухталиф робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва сиёсӣ дорад ва ҳазорҳо аҳолии кишвар ба давлатҳои мухталиф аз ҷумла ба Русия муҳоҷирати меҳнатӣ намудаанд. Агар ҳар яки мо таҳаммулпазиру муносибатсоз нагардем ва монанди баъзе аз ҷавони роҳгумзада қадам гузорему мутаассиб шавем ва ба гурўҳҳову ҳаракатҳои мазҳабӣ тақсим шавем ва нафрату бадбиниро байни худ ифшо намоем, ҳеҷгоҳ давлати мутараққӣ шуда наметавонем. Фанатизм дар тўли асрҳо ба тариқи гурўҳҳои мутаассиб давом ёфта то замони мо расидааст. Ҷангҳои имрўзаи Ироқу Сурия, Яману Либия ва як қатор кишварҳои Африқо маҳз аз сабаби паҳн гаштани бадбинву нафрат ба ҳамдигар бо тариқи одамони мутаассиб сабаб шудааст. Миллионҳову ҳазорҳо одамон аз хонаву дар, хешу табор, кору мол маҳрум монда, дар азобу машаққат дар ҳолати гурезагӣ зиндагӣ карда истодаанд. Кишвари Урдуни араби Ҳошимия ду милион аҳолӣ дорад, аммо имрўз дар ин давлат зиёда аз нўҳ милион одамон зиндагӣ карда истодаанд, ки ҳафт милион гурезаҳо аз Сурия, Ироқ ва Фаластин мебошанд. Онҳо ягон ҳуқуқи иштирок дар корҳои давлатӣ ва на хизматӣ ва ҳатто шаҳрванди Урдун ҳисоб намешаванд ва гурезаҳои аввалин зиёда аз бист сол дар Урдун бе хонаву дари доимӣ ва на кору фаъолияти дилхоҳ дар ҳолати камбағаливу нодорӣ зиндагӣ доранд. Сабаби азоби зиндагии сатҳи пасти гурезаҳо фанатизми гурўҳҳои ҷавонони он кишварҳо шудааст. Ҷавонони мутаассиб бо фанатизми хеш бозичаи кишварҳои ғарбӣ шудаанд, бехабар аз он, ки гурўҳҳову ҳаракатҳои мухталифу ҷудоихоҳ ҳазорон хуни ҳамдигар ва одамони бегуноҳро рехта истодаанд. Тамоми боигарии кишварашон ва молу мулки падарону бобоёнашонро барои харидани яроқу аслиҳа сарф карда истодаанд. Сурия кишвари тараққикарда истода ва мардуми он кишвар осудаҳолона зиндагӣ мекарданд ва хатогии ҷавонони он кишвар боис шуд, ки мутаассибони динӣ ҷангҳои тўлониро ба миён оварданд. Ҷавонони бехабару мафкураашон маҳдуд ба баъзе афсонаҳои ғарбӣ бовар карда зидди ҳукумати хеш ҷангро оғоз арда два дар охир ҳам аз хонаву дари хеш маҳрум монданд ва ҳам Сурияро ба қаъри ҷангу хун фурў бурданд. Аз ин ҳолат истифода бурда гурўҳҳову ҳаракатҳои дигарӣ мутаассиб ба майдон омадаанд, ки онҳо ҳам бо ҳукумати Сурия ҷанг карда истодаанд ва ҳам бо худи ошўбгарон, яъне револютсионерон ҷангида хонаву дар ва замини онҳоро ба тариқи ҷангҳои ваҳшиёна аз дасти аҳолӣ кашида гирифтанд. Духтарону занҳои онҳоро ба зўрӣ гирифта, байни худ хариду фурўш карда истодаанд ва мардуми он кишвар наметавонанд, ки зану духтарони хешро бозпас бигиранд. Зеро террористон онҳоро ба зании муваққатии хеш қарор додаанд. Чунин амалҳои ваҳшиёнаро ислом ҳеҷ гоҳ таълим намедиҳад ва надодааст. Аммо ашхоси ифротгарову мутаассиб, ҷудоихову бадбини дигарон аз номи исломи муқаддас баромад карда, аз ҷумлаи хоинони дини мубини ислом маҳсуб меёбанд. Дар тобистон соли равон ин гурўҳҳои ҷудоихоҳ ақаллиятҳои муқимии дигар динҳову мазҳабҳо ва ҳатто курдҳои такҷояро аз хонаву манзили хеш рондаанд. Онҳо дар ҳаққи дигар мусалмонҳо фикр накардаанд, ки дар кишварҳои аксарияти аҳолиашон гайри мусалмон зиндагӣ ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Фанатизми мазҳабиву гурўҳи ҳеҷ гоҳ тинҷиву амониро кафолат намедиҳад. Эрон њамчун кишвари мазњабгаро дар љангњои ховари наздик ширкат варзида истодааст, ки мањз бо тариќи фанатикњои мазњабгаро таъсири Эрон амалї мегарданд. Набояд фаромўш кард, ки давлати Эрон бар зидди давлати мо низ наќшањои душманона доштааст ва мо шоњиди он гаштем, ки чи тавр ин давлат ба тариќи киллерњои мутаассиб, ки аъзоёни гурўњи террористии ЊНИТ будаанд, бисёр инсонњоро ба ќатл расониданд.
Ҳамроҳу ҳамфикр шудан ба гурўҳҳову ҳаракатҳои мутаассиб пушаймониву харобоварӣ меорад. Таассуби гурўҳӣ ҳам аз нуқтаи назари қонунҳо ба вазнинтарин гуноҳҳо оварда мерасонад.
Умед дар он аст, ки мардуми меҳнаткаши мо ин сатрҳоро мехонанд ва навиштаҳои моро ба таври дуруст дарк намуда, хулосаҳои заруриро ба худ мебароранд ва м н ҳамчун шаҳрванди ин кишвар умеди онро дорам, ки доимо дар кишвари азизамон сулҳу субот бошад ва сарзамини мо аз ҷумлаи кишварҳои мутараққӣ шинохта шуда, зиндагии мардум бозҳам беҳтару хубтар гардад ва тамоми кишварҳои дунё мамлакати моро ҳамчун давлати соҳиби тамаддун, мардуми маданияти баланддошта ва равшанфикру бозаковат шиносанд.
Фанатизми мазҳабиву гурўҳи ҳеҷ гоҳ тинҷиву амониро кафолат намедиҳад
Камолов Ф.А.