ГУРӮҲАКИ РОҲГУМЗАДАИ ИФРОТӢ

             

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрузҳо аъзоён ва пайравони ташкилоти террористиву экстремистӣ, амиқтараш бадхоҳону давлату миллат барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи ифротиаашонро ба роҳ мондаанд. ки яке аз роҳҳову усулҳои таблиғотии онҳо мебошад. Дар иртибот ба ин, мо борҳо зимни андешаҳои қаблиамон иброз доштаем ва ин навбат низ дар атрофи масоили мазкур ибрози ақида менамоем. Бояд қайд кард, ки имруз як қатор гуруҳаки роҳгумзадаи ифротӣ, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддину шогирдонаш, пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат мебошанд ва дигаре Ашуров Хусейн, узви фаъоли ҳаракати сиёсии мамнуъ дар кишвар бо номи “Гуруҳи 24” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ норозигию иғво ва кинаву адоватро барангехта, бо ин амалҳои худ ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятиро халалдор намудан кушиш доранд. Боздошти аъзоёну пайравони наҳзат ва “Гуруҳи 24” собит месозад, ки онҳо дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор амалӣ намоянд. Маҳз ҳамин қабил гуруҳаки роҳгумзада аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар ҳаросанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад.!
Хулоса, дар фарофарди андешаи хеш мо баромадҳои ифротии роҳгумзадагон: М.Садриддин ва Ашуров Ҳ. ва шогирдону думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум менамоем. Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткори Аврупоӣ – М.Садриддин ва думраваш Ашуров Ҳ., умуман раҳбарияту пайравони памони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли…” муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *