«Гунҷишкҳои бегуноҳ»

   Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад.
Дар расонаҳо имрӯз мо дар бораи филми мустанад дар бораи хоини ватан Саид Қиёмиддини Ғозӣ  бисер сару садо ҳаст. Бояд қайд намоем,ки ин филм санаи 18 июни соли ҷорӣ аз тарафи шабакаи телевизионии 1 пахш карда буд.Аз оғози филм баръало маълум гардид,ки ин хоини ватан худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд мекард, вале ҳамаи мо кайҳо медонем,ки  ў ва ҳаммаслаконаш хоинону ватанфурушон ҳастанд. Ин  пушаймонии ў як бозии хом аст. Таъсиси ин ҳизб   ва нақшаи он ба ҳамаи мардуми тоҷик нишон дод, ки онҳо  танҳо барои нақшаҳои ғаразонаи роҳбаладони хориҷии иҷро кардан таъсис ёфтаанд.  Маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад. Боз ягон хоҷаи хориҷӣ ӯро маблағгузорӣ намудааст. Ин агенти собиқадори шиизми байналхалқӣ аз назари физикӣ ҳам дар асорати доираҳои махсуси мазҳабӣ қарор дошта, ҳатто ҳуқуқи озодона берун рафтан аз ҳудуди ҶИ Эронро надорад. Чанде пеш вай дар посух ба баъзе пайомакҳо, ки ӯро барои музокира ба Туркия ё Дубай даъват намуда буданд, навишта буд, ки «мутаассифона, ҳаққи хуруҷ аз Иронро надорам…» Пас, чи гуна шахси ғулом ё инсоне, ки андеша ва зиндагияш пурра ба иродаи хоҷагонаш вобаста аст, метавонад «анҷумани озодандешон» таъсис диҳад? Ин пародия ба озодандешӣ ва ё таҳқири мафҳуми «озодандешӣ» аст. Ҳамин тавр, истифода аз номи ин чеҳраи манфури иртиҷоиро метавон ҷиддитарин хатои «муассисон» ё «муассисони муассисон»-и ин анҷуман номид, ки боиси аз аввал маҳкум ба нокомӣ шудани ин нақша шудааст.
Мушоҳида нишон медиҳад, ки «муассисон»-и ин анҷуман дар асл ҳамон афроди наздик ба Раиси ТЭТ ҲНИ М.Кабирӣ буда, маошхӯрону ҳамфикрони ӯянд. Маҳз ҳамин афрод дар конфронсу ҳамоишҳои хориҷӣ дар канори М.Кабирӣ нишаста, барои ӯ свита ё воҳима месозанд; ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ТЭТ ҲНИТ-ро ҳимоя мекунанд. Ин ҷо низ савол пеш меояд, ки чи тавр тарғиботчиён ва идеологҳои терроризму экстремизм метавонанд «озодандешон» ба ҳисоб раванд? Чи тавр касоне, ки аз як ҳизби террористӣ ҳимоят мекунанд, худро «озодандеш»меноманд?
Илова бар ин, маҳз аз ҳисоби атрофиён ва котибони матбуотии М.Кабирӣ таъсис шудани чунин «анҷуман», пеш аз ҳама ду ҷанба дорад:
Ҷанбаи сиёсии масъала ин аст, ки дар ду соли охир М.Кабирӣ бо супориши хоҷагони охундии худ бисёр кӯшиш кард, то бо ҷамъ кардани гурӯҳҳои мухолифи хориҷӣ як «эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик»-ро ташкил кунад. Зеро хоҷагони ботаҷрибааш хуб дарк мекунанд, ки моҳияти иртиҷоӣ ва террористии ҲНИТ рӯз ба рӯз ба ҷаҳониён ошкор шуда, дар оянда дастгирии рӯйирости ин ташкилот мушкилтар хоҳад буд. Бинобар ин, ташкили эътилофи нерӯҳои оппозитсионӣ ё ИНОТ-2 як навъ ниқобӣ демократӣ ба моҳияти террористии ҲНИТ мешуд. Вале худхоҳии М.Кабирӣ ӣ боис гашт, ки ташкилотҳое чун «Гурӯҳи 24» ва «Ватандор», ки моҳҳо бо ҲНИТ дар бораи эътилоф музокира карданд, аз ин лоиҳа расман даст кашанд. Зеро ҳамагон мақсади шуми ин нақшаро дарк карданд ва нахостанд, ки бозичаи дасти наҳзатиён шаванд.
Аммо хоҷагони ҲНИТ як ҳақиқатро фаромӯш кардаанд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аллакай ин марҳиларо гузашта, акнун ин ҳилла ва ин изи пойи онҳоро бисёр хуб мешиносад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон дигар ба ин хел дасисаҳо дода нашуда, фиреби чунин «анҷуман»-ҳоро намехӯрад. Аслан кайҳо вақти он расидааст, ки ин ҳизби моҷароҷӯ ва фитнагар агар заррае аз аҳли фарҳангу сиёсат бошед, пас, пеш аз ҳама маҳз ба ҳамин масъала биандешед. 

    

Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *