Изҳорот оид ба филми «Решаҳои ноаён” ва аъмоли зишти бадхоҳони ватан

Тамошои филми “Решаҳои ноаён”, ки тариқи васоити ахбори умум ба намоиш гузошта шуд бори дигар аз амалҳои пасипардагиву хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва сарпарастии хоҷагонашон шаҳодат медиҳад. Дар филми мазкур, ки оид ба хатарҳои аз байн рафтани давлату миллат ва ба хун оғӯшта гардидани Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ суҳбат меравад бори дигар нақли хиёнатҳои наҳзатҳо ва нақшаву амалҳои разилонаи онҳо аз ҷониби яке аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ, аъзои ин ташкилоти тахрибкор Қиёмиддини Ғозӣ сурат гирифт.
Бо исрор Қиёмиддини Ғозӣ иброз медорад, ки “Ин мусибатҳоро аввалин гӯгирдша наҳзати исломӣ зад, наҳзате, ки ба номи ислом рӯяшро пӯшонида буд фасоди худашро боз кард”. Яъне бори дигар аз даст доштани наҳзат дар оғози бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ иқрор гардид. Ҳам бо пешниҳоди навори возеҳи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам бо пешниҳоди ибрози ақидаи Ғозӣ равшан гардид, ки дар воқеъ ӯ ба сифати хиёнаткор вазифаи мубаллиғро ба уҳда дошта, мардумро ба гумроҳиву хиёнат даъват намудааст. Маҳз аз забони худи ӯ садо додани “дар майдони шаҳидон ман суҳбат кардам… яке аз суханварон ман будам, ман мардумро даъват кардам,
Тавре аз навор маълум гардид, оид ба даст доштани кишвар Эрон дар барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ дар Тоҷикистон он замонҳо баръало маълум мегардад. Чунонки ишора мекунад, наҳзатиҳон он замон намояндаи Эронро бо шиори “Салли ало Муҳаммад – Вилоятӣ хуш омад” истиқбол мегирифтанд. Пас аз истиқболи гарму самимӣ даргириҳо ва бесарусомониҳо боз ҳам авҷ мегирифт.

Хиёнат ба ватан, ба зодгоҳи худ амалҳои нопок, ноинсонӣ баҳисоб меравад. Имрўзҳо мо бояд шукронаи давлату миллати худ бошем, ки дар осмони соф, табиати рангин, тинљию оромӣ ва дар сарварии шахси бузург Эмомалӣ Раҳмон зист мекунем. Инсон вақте, ки ба ватани худ хиёнат мекунад, ў на танҳо ба ватани худ балки ба зодгоҳи худ, зодаи худ хиёнат мекунад, ки ин амал дар таърихи замон сабт мегардад, ки онро соф кардан ғайриимкон мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *