ГИРДИҲАМОИИ ГУРӮҲҲОИ МАНФИАТОР ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ҚАТЪ ГАРДИД!

Бадахшон як пораи ватани азизи мост. Ҳамаи мардуми сарбаланди ин минтақаи зебоманзари кишвар нисбати гирдиҳамоӣ, ки санаи 25 ноябри соли равон аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, худро бетараф нагузошта, мавқеи хешро нисбат ба хиёнаткорни миллат нишон доданд. ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ахбороти беасос бовар накарда шадидан махкум намуданд. Бояд қайд кард, ки мардуми вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъи ба амаломадаро таҳти назорати қатъӣ гирифта, чун солҳои қаблӣ бар муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорию қочоқи маводи мухаддир муборизаи бемаон бурданд ва тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуданд. Воқеан мардуми сарбаланд, бахусус ҷавонони равшанфикри ин вилоят ба дурустӣ дарёфтаанд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа, ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон даст ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ зада кӯшиш доштан то ҳадафҳои нопоки хоҷагонашонро амалӣ созанд. Афроди ноҷавонмардони зархарид ва фурӯхташуда ва он гурӯҳҳои муташаккилӣ асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят гуноҳояшон талош намуданд.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ва шаҳрвандони боору номуси вилояти Бадахшон тадбирҳои саривақтӣ андешидан ва дар натиҷа санаи 28 ноябри соли равон гирдиҳамоии гурӯҳҳои манфиатор қатъ карда шуд. Мо аз амалӣ саривақтии мақомотҳои дахлдору фикри сареҳу равшани мардуми Боми ҷаҳон, аз он ҷумла ҷавонони борору номуси вилоят истиқболи ҳамаҷониба менамоем.
Хушбахтона тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуда, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ба низом даромад. Баробари ин нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.
Дар интиҳои андешаи хеш бо дарназардошти масъалаи матраҳгарди метавон қайд кард, ки дар якдилию ваҳдат ба мақсадҳои бузург мерасем ва кишвари азизамон ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил мегардад!

М. МАМАДҶОНОВА,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *