Дар Тоҷикистони мо низ неруҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнуъшудаи наҳзати ислом аз қабили онҳост. Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муқими хориҷа, дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст. Имрӯзҳо дар воситаҳои ахбори омма ҳангомабарангез оид ба баргузор гардидани ҷамъомади наҳзатиҳои ифротӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон паҳн гардиданд. Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар кишвари Олмон бо баҳонаи таҷлили 21-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба ном Анҷуман ташкил карда, дар зимни ин ҳамоиш созмони нави худ-Эътилофи нерӯҳои мухолифи Тоҷикистонро таъсис ва эълом кардани ҳастанд. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кӯшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан,намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд.Бо баробари ин инчунин созмонҳои ифротӣ, аз қабили «Гурӯҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» шомил созанд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ин гурӯҳҳо ба хадафи нопоки худ нахоҳанд расид, зеро мардум ҳакикати воқеиро дарк намуд ва фахмид, киаз ҷумла ҲНИ зимни майдоннишиниҳо барои ҷалби тарфдорони худ бар зидди Ҳукумат бархест.Дар натиҷаи ин амалҳо миллионҳо сокинони кишвар муҳоҷир шуда, ҳазорҳо одам бехонумон гардида, ҳазорҳо кӯдак ятим монданд. Ҳамарӯза хислатҳои аблаҳонаю разилонаи ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ақидаҳои мазҳабгаронро талқин менамоянд,муборизаи беамон бояд бурд. Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дигар ҳеҷ гоҳ мардуми азиятдида, хусусан ҷавонони илмдӯсту меҳнатдӯсти кишвар фирефтаи найрангҳои пайравони ин ташкилоти террористӣ- экстремистӣ нашуда, барои ояндагон симои манфур, дилу нияти бадхоҳонаи онҳоро воқеъбинона,объективона нишон дода, барои якпорчагӣ ва баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон ба ҷон баробар саъю кӯшиш ҳоҳанд кард.
М. Муҳаммадҷонов, устоди ДИС ДДТТ