ЧУҒДЗОДАГОНИ ШУМ

Мо аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ амали разилонаю террористии авбошону бадхоҳони миллатро сахт маҳкум намуда, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал меоварем, ки ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар расанд ва ҳеҷгоҳ фирефтаи афкори бегонагон нагарданд. Дар поён аз саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ шеъри шоири ширинбаён Исмоил Зарифиро оварданием, ки барои ин ҳамлаи ноҷавонмардона тамоми нафрату ғазаби худро ба бадхоҳони миллат баён кардааст:

Эй шумо ваҳшиёни дарранда,
Эй шумо чуғдзодагони шум.
Қадри меҳмони худ надонистед,
Бигирист дар азо маҳу анҷум.
Не, шумоён наед з-аҳли башар,
Балки вомондагони шайтонед.
Қадри ин миллати баномусро,
Эй сагони дад, аз куҷо донед?
Чун шумо дар тамоми умри худ,
Панди аҷдоди худ намехонед.
Қадри Саъдию Ҳофизи моро,
То ба рӯзи ҷазо намедонед.
Табару корди шумо н-озурд,
Рӯҳи поки ҳама шаҳидонро.
Сабт шуд номашон ба саҳфаи зар,
Зиндатар кард ин фақидонро.
Баъд аз ин номи Ҷею Лоренро,
Пиру барно ба некӣ ёд орад.
Бар сари қабрашон зи сӯзи дил,
Дастагулҳои тоза бигзорад.
Эй ҳаромзодагони беномус,
Меҳмонони хеш озурдед.
Зери фармони хоҷагони хеш,
Ҳамчу саг дар раҳи равон мурдед.
Эй ҳаромзодагони одамрӯ,
Ҷисматон хокро кунад нопок .
Ҷоятон бод ҳафтумин дӯзах,
Қалбатон бод доимо садчок.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *