Гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд аз ДИС ДДТТ

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили Рӯзи ҷавонон – 23-юми май, барои гирифтани стипендияи Раиси вилояти Суғд байни донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят озмун баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ фаъолона ширкат варзида, 19 нафари онҳо барои гирифтани стипендия мушарраф гардиданд. Дар бахши донишҷӯён аз ДИС ДДТТ донишҷӯёни зерин гирандагони стипендия дониста шуданд:

Донишҷӯён:

  1. Бобоҷонов Баҳодур
  2. Мухамедова Комила
  3. Оқилова Мадина
  4. Самадова Нигина
  5. Рахимова Рухсора
  6. Бахтдавлатова Бахтигул
  7. Ибодуллоева Фарангиз
  8. Солиева Маҳина
  9. Имомалиев Парвизҷон
  10. Рашидов Ҷонибек
  11. Қурбонова Шаҳнозахон
  12. Бахтиёрзода Фаризахон

Ҳамзамон, магистрантҳо ва аспирантони зерини донишкада дар озмун иштирок варзида ба гирифтани стипендияи Раиси вилояти Суғд комёб гардиданд:

Магистрантон:

  1. Қаюмова Зевар
  2. Абдуллоева Хушнуда
  3. Ахмедов Баҳромҷон

Аспирантон:

  1. Калонов Каёнуш
  2. Акбарзода Абдувалӣ
  3. Абдураҳмонова Муқаддамхон
  4. Мӯминова Нигина

Аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ ғолибони озмуни гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғдро самимона табрик намуда барояшон дар фатҳи қуллаҳои баланди илм комёбиҳои беназир таманно менамоянд.

Мадинахон БУЗУРУКОВА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *