Нишасти 151-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» санаи 15-уми май дар ДИС ДДТТ баргузор гардид.
Маҳфилро ҷонишини директори донишкада оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Гулчеҳрахон Аҳророва ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонони нишастро ба донишкада хайра мақдам гуфт. Роҳбари маҳфил, н.и.ф., дотсент Саидумрон Саидов ба кори маҳфил роҳбарӣ карда, риштаи суханро барои баромад ба Гулчеҳра Аҳророва дод. Мавсуф перомуни навгониҳои илмиву адабӣ ва адабиёти тозанашри муассиса маърӯза карда, зиёда аз бист адабиёти тозанашри гуногунмавзуъро, ки устодони донишкада таълиф кардаанд, ба ҳозирин шиносонид.
Баъдан, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Шамсиддин Солеҳов оид ба Бобоҷон Ғафуров ва адибон суханронӣ карда, аз ҳаёту фаъолияти пурсамари аллома Б. Ғафуров ва муносибати эшон бо аҳли адаб қиссаҳои ибратбахш нақл намуд. Олим, шоир ва муҳаққиқи шинохта Нуралӣ Нурзод маҳфилро бо ашъори нав ва дилписанди хеш рангин сохта, аз ашъори шуаррои бемисл: Бедил, Иқбол ва Лоиқ шеърҳои намакин ва орифона хонд, ки аҳли нишаст аз онҳо кайфияти адабиву маънавӣ бардоштанд.
Боиси қайд аст, ки баргузоршавии маҳфили «Ганҷи сухан» дар арафаи таҷлили 76- солагии шоири ваҳдатсаро, сулҳхоҳу ватандӯст ва ҳамешаҷавони миллат Лоиқ Шералӣ рост омада, як қисми он ба ашъору рӯзгор ва қиссаҳо аз ҳаёти ин шоири абадзинда бахшида шуда буд.
Таҳти унвони «Шеъри Ваҳдат ва истиқлол дар осори Лоиқ» номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДИС ДДТТ Дилором Эшонова маърӯза хонда, дар бораи ашъори ба ваҳдат ва истиқлоли миллӣ бахшидашудаи устод Лоиқ фикру андешаҳои ҷолиб иброз намуд. Мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада, н.и.ф., дотсент Сироҷиддин Бобоев аз ҳаёт ва фаъолияти устод Лоиқ таҳти унвони «Хотирае аз устод Лоиқ» баромад карда, перомуни мулоқоташ бо ӯ, самимияту хушрафториаш бо дӯстон ёдоварӣ намуд. Сархатиби масҷиди ҷомеи ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои филологӣ, устод Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, ки ба сифати меҳмони маҳфил иштирок доштанд, оид ба аҳамияти маҳфили мазкур ва мусоидати он ба рушди улуми адабиву фазои фарҳангии вилоят андешаронӣ карданд.
Сипас, донишҷӯёни донишкада аз ашъори устод Лоиқ порчаҳои шеър қироат карданд, ки боиси болидагии хотири ҳозирин гардид.
Ҳофизи хушовоз, бастакор ва оҳангсоз Аъзамҷон Ахмедов сурудҳои классикӣ саройида ба ҳусни маҳфил қабои дигар пӯшонид.
Дар фарҷоми нишаст узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ дар соли 2015, устод Абдулмаҷиди Бобоҷониён ба меҳмонон ҳадяҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодириро тақдим намуд.
Ҳамин тариқ, маҳфили адабиву фарҳангии «Ганҷи сухан» дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар фазои хуби илмиву адабӣ ва ҳусни татоҳум баргузор гардида, бо хотираҳои дилнишин ба кори худ анҷом пазируфт.