Фурӯхта шудани ҲНИ ба Давлати исломӣ

Имрӯзҳо ҳамагон мардуми Тоҷикистон оид ба фаъолияти иддае аз ноҷавонмардони Ватан бахубӣ огаҳӣ пайдо намуда, ба ин қабил фарзандони нохалаф изҳори нафрати хешро баён намуда истодаанд. Хушбахтона аҳли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, ҷавонону пирони барнодил, модарону падарони равшанфикр андешаву назари хешро ҳам аз нигоҳи масоили илмӣ ва ҳам аз нигоҳи масоили таҷрибаву дидаву шунида ва хондаҳои хеш оид ба фаъолияти разилонаву хоинонаи аъзо ва пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ иншо намуда, дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ нашр намуда истодаанд.
Инчунин дар телевизиону радиоҳои маҳаллӣ ҷараён гирифтани андешаронии аҳли ҷамоатчигии кишвар оид ба фаъолияти ин нохалафон ва сурат гирифтани маҳкумкунии ҳамаҷонибаи кирдору рафтори ин гумроҳон самараҳои хуберо ба миён оварда истодааст. Ҳамзамон дар ин маврид баргузории суҳбатҳову мулоқот, мизҳои гирд ва конфронсу ҳамоишҳои гуногун дар ташкилоту муассисаҳо, бо ҷалби васеи ҷавонону аҳли ҷамоатчигии кишвар дар самтҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ хело бамаврид ба роҳ монда шуда истодааст.
Маҳз самараҳои ин чорабиниву тадбирҳои андешидашуда ва мавқеъгирии мардуми шарифи Тоҷикистон боиси ошкоргардии симои манфури хоинони миллат ва раванди сарпарастии хоҷагони хориҷии онҳо дар сар задани низоъҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози ҳамагуна бесарусомониҳо ба ҳисоб меравад.
Хоинони миллати тоҷик ҳамарӯза нашр гардидани вокунишҳо ва ифшокунандаи аҳволи ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нухбагону пайравони онҳо дар назди ҷомеа бори дигар шарманда шуда, ин ошкоршавии аҳволашонро туҳмату буҳтон алайҳи наҳзат ҳисобида истодаанд.
Дар нигоштаву ҳарзаҳо ва туҳматнигораҳои хеш алайҳи кишваре, ки дар он бавояву камол расидаанд, то он ҳад зиёдаравӣ карда истодаанд, ки ба бадномкунии аҳли илму адаб ва рӯзноманигорону равшанфикрон даст зада, ин равандро яке аз намунаҳои муаррифии ТЭТ ҲНИ аз ҷониби нашрияву ниҳодҳои давлативу хусусӣ унвон дода истодаанд. Ҳол он ки нашри мақолаву хабар ва иттилои бештар бори омезиши наҳзатро бо «Давлати исломии Ироқу Шом» инъикос намуда, собит намуд, ки дар воқеъ Кабирӣ, ки ҳамчун яке аз ғуломи ҳалқабардӯши хоҷагони хориҷист ва аз нақшаву ниятҳои разилонаи онҳо дар мавриди эҷод намудани хатар ба амнияву осоиштагии сокинони кишварҳои соҳибистиқлоли мусулмоннишин бо василаи сӯйистифодаи дини мубини ислом амалкард ва нақшаҳои разилонаи «ДИИШ»-ро дар Тоҷикистон мехоҳад амалӣ созад. Яъне агар ба моҳияти амалкарди ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ мурур намоем, дар воқеъ собит мегардад, ки агар ду се соли охир симои манфури ДИИШ ба мардум равшантар аён гардида бошад, пас симои манфури ТЭТ ҲНИ ҳанӯз аз солҳои 1991 ва идомаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маълум будааст. Дар ин раванд бармеояд, ки ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокаш ниқоби дини мубини исломро ба бар карда, зери он ба тахрибкориву фитнагарӣ ва мардумозорӣ даст задааст. Аммо чун Худованд бинои доност ва ҳар кореро, ки аз чашми бандагон пинҳонӣ ин динситезон анҷом медиҳанд дер ё зуд ошкор хоҳад гарадад.

Файзуллоева Н.А.
Кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *