Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкории инноватсионӣ”

Санаи 27 апрели соли 2021 бо ташаббуси Ҳукумати вилояти Суғд бо ҳамдастиии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкории инноватсионӣ” дар муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги Суғдиён” баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии форум муовини Раиси вилояти Суғд – муҳтарам Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир баромад намуданд. Инчунин, дар ҷаласаи ифтитоҳӣ маърӯзаҳои муовини намояндагии доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Христофорос Политис, Роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Мунео Такасака шунида шуданд.

Дар рафти форуми мазкур роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои муваффақи ватанӣ ба монанди директори Mohir Business Automation – Меҳрубон Бурҳонов, директори ширкати “Woopay – Бахтиёр Қодиров вобаста ба фаъолият ва таҷрибаи соҳибкорӣ дар ҷодаи IT-технология, мушкилот ва дурнамои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

Қисмати дуюми форум аз кори панелҳо иборат буд:

  • Панели якум: Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар шароити беҳтар шудани инфрасохтор: алоқа ва коммуникатсияи технологӣ
  • Панели дуюм: Паркҳои технологӣ ҳамчун асоси рушди истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ
  • Панели сеюм: Имкониятҳои васеи истифодаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди инфрасохтори замонавӣ дар Тоҷикистон.
  • Панели чорум: «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон.

Дар кори Панели якум устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ширкат варзиданд. Боиси қайд аст, ки профессор Аминов И. доир ба мавзӯи “Дастгирии давлатии соҳавии соҳибкории хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо”, н.и.и. Мирпочоев Д.А. дар мавзӯи “Омилҳои тақвиятбахшии иқтидори инноватсионӣ ва таъсири он ба раванди саноатикунонии Тоҷикистон” маърӯза карда, оид ба мушкилиҳои рушди соҳибкории хурду миёна, тезонидани раванди саноатикунонӣ, баланд бардоштани фаъолнокии инноватсионӣ дар Тоҷикистон сухан карда, пешниҳоди худро вобаста ба ҳалли мушкилот баён намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *