ФИТНАИ ИТТИЛООТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

         Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо – ҳанафия мебошад.   Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафриқ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Надоштани дониши бунёдӣ, раҳгумиҳои зиддимиллӣ, фосилагирӣ аз ҷаҳонбинии маорифпарварона  дар муҳити муайян – оила, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, алоқа бо шахсони ифротгаро сабаб шуд, ки садҳо ҷавон ба гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ ҳамроҳ гашта, миллат ва давлати Тоҷикистонро дар арсаи олам бадном созанд. Ва ин ҷараён, имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  шиддат гирифта истодааст.  Масалан  хоинони миллат, бахусус Кабирию Муҳаммадиқбол имрӯз берун аз Тоҷикистон қарор дошта, бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ , асосан дар “фейсбук ва ютуб”  баромадҳо намуда, кӯшиш доранд, ки дасисаву иғвогариро пеша карда,  халқи куҳанбунёду тозаҷавони моро бадном кунанд. Воқеан ҳaдaфи раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият, бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaд. Таҳлилҳо собит менамояд, ки чунин шахсиятхо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд.

Хулоса мақсади навбатии хоинони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд  мувофиқ aст. Бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторонро шадидан маҳкум намоем.   

Ф. КОМИЛОВА,

асистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *