Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 21-солагии Ваҳдати миллиро ба шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Дар ин солҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон дигаргуниҳои куллие ба вуҷуд омаданд, ки он натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулзҷӯёнаи Пешвои миллат, Асосгузори Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Шукри ин сиёсат бояд кард, ки мисли дигар минтақаҳои кишварамон дар Бадахшон низ Барномаҳои дарозмуддат, миёна муддат ва кӯтоҳмуддати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ тадбиқ гашта истодаанд. Се вазифаи стратегӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон муайян карда буд, муваффақона амали шуда истодааст. Амали гаштани яке аз ин ҳадафҳо стратегӣ – аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат мебошад, ки минтақаҳои мамлакатро ба ҳам пайваста, барои рушди устувор ва бонизоми кишвар заминаи боэътимод фароҳам овард. Аз ҷумла, баробари ба истифода дода шудани роҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма вазъи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳиро куллан тағйир дод. Даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, иҷтимоиву фарҳанги маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд гашта, сатҳи некӯаҳволии халқ беҳтар гашт. Миллати тоҷик бо номи абармардони бадахшонӣ, ба мисли Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур, олимону сиёсатмадорон Р. Юсуфбеков, Х. Додихудоев, Назаршоев, Н. Бозидов, Б. Додхудоева ва дигарон мефахрад.
Мардуми Бадахшон мардуми меҳнатқарин, донову закӣ ва сулҳҷӯ мебошанд. Аммо тавре аз гузориши Ситоди байнидоравии таъмини амният дар ВМБК бармеояд, имрӯз як гурӯҳ тангназарҳо мехоҳанд баҳри манфиатҳои хеш вазъияти иҷтимоиву сиёсии ин макони биҳиштосоро номутавозин гардонида, ба қавле “обро лой карда” моҳӣ доранд. Далелҳое, ки дар маълумотномаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМБК оид ба ташкил намудани гурӯҳҳои муташаккил, гардиши ғайри қонунии маводи мухаддир, халъи силоҳ, нишон медиҳанд, бархе аз афрод ҳоло ҳам аз ниятҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Саволе ба миён меояд, ки ин қадар силоҳ ва ташкили гурӯҳҳои муташаккил баҳри чист? Посухи ин савол мусаллам аст: баҳри куштор, ҷабру зулм ва ноором намудани ҷомеа. Наход ин афрод то ҳол нафаҳмидаанд, ки он қувваҳое, ки онҳоро ба ин амал тела медиҳанд мақсадҳои ғаразноку нопок доранд. Ҳеҷ шубҳае нест, ин гурӯҳҳои муташаккил бо ҲНИ, Ҳаракати “Толибон” ва ДИИШ алоқаманд мебошанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мехоҳанд, мардуми бадахшонро гумроҳ намуда, ҳарчи бештар тарафдорони хешро зиёд намоянд. Аммо, мо медонем, ки мардуми бадахшон бисёр дурандеш ва ватанпараст мебошанд. Бо итминон комил гуфта метавонем, ки бадахшониён мисли солҳои 90-ум фирефтаи афкори бегонагон намешаванд. Дар муддатҳои кӯтоҳтарин тартиботи ҷамъиятӣ барқарор гашта онҳо баҳри обод намудани ин гшаи кишварамон мешаванд.
Авзои ҷаҳони имрўза ва ҳодисаҳое, ки дар кишварҳои Шарқи наздик рух дода истодаанд, ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки боандешаву ботаҳаммул бошем. Фирефтаи афкори бегонагон нагардем ва лаҳзае андеша намоем, ки душманон чӣ гуна тавонистанд бо дасти худамон ба фарҳангу оин ва дину мазҳаб зарбаи ҷонкоҳ зада, сарзамини тамаддунофари тоҷиро ба харобазор мубаддал намоянд. Албатта, ҷойи андешаву таҳаммул аст, пас бояд риштаи ваҳдатро қавитар чанг зада, барои ободии Ватан ва фардои дурахшони кишвар ҳама бо дилу нияти пок кору фаъолият намоем.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бадахшонро “Дарвозаи тиллои” –и Тоҷикистон номидааст. Пас, ба бародарони бадахшонӣ муроҷиат намуда мегӯем: Биёед даст ба даст гирифта баҳри осоиштагии кишвари биҳиштосоамон меҳнат намоем, онро сарсабзу хуррам гардонем, намонем, ки ҳар нохалафи нияти нопок дошта ба остонаи “Дарвозаи тиллоӣ” -и Тоҷикистон қадами ифлоси худро гузорад.
Расулҷон Солиҷонов,
мудири кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ, профессор