Филми «Хиёнат» симои аслии хиёнаткорони  миллатро фош сохт!

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ тариқи шабакаҳои марказии телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» намоиш дода шуд. Аз тамошои филми ҳуҷҷатии мазкур ба мо сокинони сулҳҷӯи Тоҷикистон равшан гардид, ки ин филм амалҳои разилона ва хиёнаткориҳои хоинони миллат хусусан роҳбарият ва аъзоёни ҲНИ, ки аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мехостанд барои ба даст овардани сарватҳои муфт бар зидди давлату миллати тоҷик исён бардоранд, басо равшан нақл мекунад.

Сокинони  Тоҷикистони биҳиштосо ҳеҷ гоҳ амалу кирдори ТТЭ ҲНИ,  ки таҳти ниқоби дини Ислом бо амалҳои номатлуб  ва суханҳои бардурӯғи хеш яке аз сабабгорони асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буданд фаромӯш нахоҳанд кард.  Ин гуна хоинони ватан нафарони зиёдеро гумроҳ карданд, ки дар натиҷа он мардуми гумроҳгашта ба Ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд. Бояд  қайд кард,ки хиёнаткорони Ватан парвардаи обу хоки Тоҷикистони азиз бошанд ҳам ободиву шукуфоии сарзамини хешро дида натавониста, нангу номусашонро ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхтаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки  филми мазкур тавонист чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷик ва ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, ба дараҷаи олӣ ошкор созад.

Имрӯз шукронаи онро дорем, ки халқи фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат тавонист, ин рӯзҳои мудҳишро паси сар намуда, ба ин рӯзи сулҳу оромӣ расад. Маҳз бо саъю кӯшиш, талошҳо  ва хизматҳои шабонарӯзонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мо мардуми тоҷик ба ваҳдати миллӣ расидем.

Ҳоло бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки марзу бум ва халқи худро ба пуррагӣ ҳимоя карда метавонад ва кафили якпорчагии кишвари азиз мебошад.

Раҳматова Ш.Ш.

Ассистенти кафедраи забонҳои

                                                       хориҷии  ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *