КОСТАГИИ АХЛОҚ ҲАМЧУН ОМИЛИ ҲАМРОҲШАИИ ҶАВОНОН БА ҲАРАКАТҲОИ ИРТИҶОӢ

 Тадқиқот нишон медиҳад, ки дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ба косташавии ахлоқ боз якчанд омилҳо таҳдид менамоянд. Бояд таъкид намуд, ки дар ҷомеаҳои суннатӣ дин дар ташаккули ахлоқ нақши калон мебозад. Дар ҷомеаи суннатии тоҷикон низ ислом ба ҳаёти маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Дар ин ҷо, ислом нафақат маҷмӯи аҳкому маросимҳои динӣ, балки бештар чун тарзи муайяни ҳаёт, қоидаҳои таомул ба шумор меравад ва пазируфта мешавад.

Алоқаи дин ба тарзи анъанавии ҳаёти миллати тоҷик таърихан хос будааст. Оғоз аз дини зардуштия то ба ислом арзишҳои воло, ба мисли ба ҷо овардани ҳурмати падару модар, калонсолон, ҳалолкорӣ, покизаву фозил будан, ба моли дигарон хиёнат накардан, тарбияи фарзанди оқил ва ғайраҳо нуктаҳои бунёдии дин буданд ва ҳастанд. Аммо, дар шароити тезутунд гаштани муборизаҳои мафкуравӣ байни мазҳабҳои динӣ ва пайдо шудани падидаи сиёсишавии ислом ба ҷаҳонбинии мардум таъсири манфӣ расонид. Акнун намояндагони ҳар мазҳабу равия нигоштаҳои китоби муқаддаси Қуръон ва фарзу суннатҳои шариатро ба таври худ ва мувофиқи матлаби хеш маънидод менамоянд, ки ин боиси  духӯрагии фаҳмиши арзишҳои ахлоқӣ гашт. Масалан, дар маълумотномаҳои исломӣ омадааст, ки ҷиҳод (ар.: ҷанг, кӯштор, сарфи ҳамаи қувва имконияти барои интишори ислом ва музаффариятҳои он) – яке аз вазифаҳои асосии ҷамъияти мусулмонист. Чунин маънидод гаштани ин аҳкоми ислом барои аҳолии ғайримусулмон асос шуд, ки ҷиҳодро ҳамчун “ҷанги муқаддас” номанд.

Вале дар асрҳои IХ-Х мафҳуми “ҷиҳод” мазмуни нав мегирад: ҷиҳоди маънавии худтакмилдиҳии ботинӣ дар роҳи Аллоҳ, инчунин ҷиҳод барои тозагии ақлу қалб, ҷиҳод барои тозагии забону покизагии даст ва ғайра.[1] Аммо дар шароити вусъат ёфтани муборизаи мафкуравӣ ва пиёда намудани манфиатҳои геополитикӣ таблиғгарони чунин падидаҳо, ба монандӣ бунёдгароӣ, экстремизми динӣ ва ғайра аз ҷиҳод ва дигар аҳкомҳои динӣ барои пиёда намудани манфиатҳои ғаразнокӣ худ истифода бурда истодаанд. Дар ин амали нопоки хеш, онҳо аз кӯр-кӯрона тақлид намудан, камсаводии динии баъзе қишрҳои ҷомеа истифода мебаранд. Маълум аст, ки донишҳои кофии динӣ надоштан боиси хурофотпарастӣ мегардад. Шахси хурофотпарастро бероҳа намудан ва ба ин ё он равияю мазҳаб ҷалб намудан ҳеҷ мушкилие надорад. Вале ҷомеашиносон Т. Каримов ва Р. Усанов бар он андешаанд, ки рафтори ношоистаи одамон на фақат дар камсаводии динӣ, балки дар ҳастии иҷтимоии одамон ниҳон аст. Аз ҷумла, муносибати бешафқатона, дағал, бефарқии мақомотҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ ба ниёзмандиҳои инсон, шахсро ба  сӯйи аксуламал тела медиҳад. Шахс, ки дар ҷомеа ниёзмандиҳои хешро қонеъ гардонида наметавонад ва ба ҳолати стресс (асабонӣ) дучор  мешавад ва ба аксуламал даст мезанад, маҷбур мешавад ба сӯйи ҳаракатҳои иртиҷоӣ гаравида, ба амалҳои террористӣ даст мезанад.[2] Ин нуктаро далелҳо низ собит менамояд. Аз рӯйи маълумотҳои  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд қариб 50% гаравидани ҷавонон дар ҳудуди вилоят  маҳз ба ҳамин омил вобастагӣ дорад.

Ҳамин тариқ, дар шароити ҷаҳонишавӣ, бисёрмазҳабии исломӣ миёни мусулмонони дунё мушкилоти ҷадид ва хунинеро ба бор овардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки кишварҳои абарқудрати дунё барои ба даст овардани манбаъҳои ашёи хом, ки бештари ин манбаъҳо дар кишварҳои исломӣ- арабӣ мавҷуданд, аз ҳама омили содда ва барои онҳо қулай истифода бурдан аз дин ва мазҳабро роҳандозӣ кардаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки баробари ба саҳнаи таърих ворид шудан ва ё тарҳрезӣ шудани фирқаву ҷараёнҳои исломӣ, ҳаводорони онҳо худро мусулмонони воқеӣ нишон дода, бо мақсади густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии хоҷагони худро амалӣ мекарданд. Имрӯз низ ин хатои таърихӣ борҳост, ки такрор мешавад ва мусулмонони зиёде аз ҷониби ин гурӯҳҳои зархарид азият мекашанд. Ба монанди ҳаракат ва ё гурӯҳи бо ном “Давлати исломӣ”, ки имрӯзҳо ба хотири ҷорӣ намудани “Исломи ноб” зери шиори “Ғазовот” ҷанги муқаддас барои дин, мусулмонони зиёдеро, ки пайрави дигар мазҳабҳову фирқаҳо ҳастанд, ба марг маҳкум намуда истодааст. Ҳол он, ки шартҳои оддитарини ғазовоти исломӣ, пеш аз ҳама, зарар нарасонидан ба амволи мардум, қатл накардани мардумони беяроқ ва осоишта, занону кӯдакон ба ҳисоб мераванд. Ҳол он ки дар ҳадиси Паёмбари ислом чунин омодааст: “мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ӯ солим бимонанд”.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое, ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша ва афкори хешро бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Пас аз пош хӯрдани  Иттиҳоди Шӯравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони маҳз ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо, аз қабили “Ваҳҳобия”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, равияи динии “Салафия”, “Ҷамъияти Ансуруллоҳ”  ва ғайраҳо пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амал экстримизм аст ва дар аксар маврид он ба ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ дар ҷомеа ва баъдан ба оқибатҳои фоҷиангез меоварад. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат,Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки “терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст”. Бо назардошт ва падидаҳои номатлуб бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳҳо ва ташкилотҳои терористӣ, экстримистӣ  манъ карда шудааст. Имрӯзҳо мо мебинем, ки аз кишварҳои мухталифи дунё, мутаассифона, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи костагии маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва динии хеш шомили гурӯҳҳои ифротӣ гашта, ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд. Ҳол он, ки дар қаламравӣ кишвар ҳамагуна шароит барои зиндагии хушбахтона муҳайёст. Бояд ҷавонон бештар ба театр, китобхонаҳо, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангию фароғатӣ рӯй оранд. Танҳо дар ҳамин ҳолат, метавонанд ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, некро аз бад ба пуррагӣ фарқ намоянд.

                                                            

 Н.и.ф. муаллими калони

                                                                    кафедраи ҷомеашиносии

                                                          Донишкадаи иқтисод

                                                                     ва савдои ДДТТ Устобоева Д.М.

 

[1] Ниг.: Ислом: маълумоти мухтасар.-Душанбе. «Ирфон»1990. С.  129-130.

[2]Каримов Т., Усанов Р. Размышления об экстремизме, терроризме, понятии «народный ислам» и этический ислам// Газета Согдийская правда-6 декабря 2014 №97 (16287).

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *