Кафедраи “Ҷомеашиносӣ”

Кафедра дар ибтидо фанҳои умумитаълимӣ ном дошта, соли таълими 1995-96 таъсис ёфта буд. Он фанҳои гуногун: ҷомеашиносӣ,  табиатшиносӣ, математикаю забон, экология ва тарбияи ҷисмониро фаро мегирифт. Баробари рушди донишкада дар заминаи кафедраи мавсуф кафедраи фанҳои умумитаълимӣ ва кафедраи забонҳо ташкил ёфтанд. Соли хониши 2004-05, баъди он ки аз кафедраи умумитаълимӣ илмҳои метаматика, физика ҷудо гашта, кафедраи математикаи олиро ташкил намуд, номи кафедраи мо ҷомеашиносӣ гардид.
Солҳои 1995–1996 номзади илмҳои физикаю математика дотсент Ҷабборов У. А. мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1997 то соли 2002 номзади илми таърих, дотсент Тоатов Ҳ. С. вазифаи мудири кафедраро ба зимма дошт. Аз соли 2002 то соли 2008 профессори  кафедра, номзади илми фалсафа Мирбобоев М. Қ., аз соли 2008 то соли 2015 номзади илми фалсафа, дотсент Турсунов Ф. А. ва аз соли 2015 то инҷониб вазифаи мазкурро доктори илми фалсафа Ҷонназарова Д.Х. иҷро менамояд.